МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИН МУҲАММАДИ БАЛХӢ. Як тоҷик, ки таърихи фикр ва фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
ДУШАНБЕ, 28.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Арҷгузорӣ ба Мавлонои Балх дар сарзамини бумии ӯ низ, чуноне ки дар ҳама дунёст, хеле баланд аст. Ва ин арҷгузорӣ то ҷоест, ки ба ҷуз интишори пайвастаи китобҳои безаволи ӯ, таълиму тадриси эҷодиёташ дар донишгоҳҳову мактабҳои таҳсилоти умумӣ, яке аз ноҳияҳои бузурги Тоҷикистон ба номи ӯ «Ҷалолиддини Балхӣ» номгузорӣ шуда, ҳамасола дар саросари Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно таҷлил карда мешавад. Ҳоло ба муносибати шомили Феҳристи Хотироти ЮНЕСКО гардидани Куллиёти Мавлоно пажӯҳиши Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насруллоро пешкаши хонандагон менамоем.
— Ба феҳристи хотироти ЮНЕСКО дохил гадидани Куллиёти Мавлоно боз ҳам як нишони дурахшони дигари эътирофи расмии фарҳанги бузурги гузаштагони мост, дар қатори он номгӯи падидҳои фарҳангие, ки солҳои охир аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Албатта, эътирофи байналмиллалии эҷодиёти бузургони гузаштаи мо, хусусан Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ сухани наве нест.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки бо ифтихор метавон гуфт зодаи сарзамини мост, бо шахсияти беназири худ ва ду шоҳасари безаволаш «Маснавии маънавӣ» ва «Девони Кабир» чандин сол аст, ки дар ососи омори расмии байналмиллалӣ дар сафи аввали хонданитарин муаллифони дунё қарор дошта, аз ҷиҳати теъдоди нашр ва фурӯши китобҳои безаволаш яке аз ду ҷойи аввалро дар ҷаҳон ишғол мекунад.
МАВЛОНО СУХАНВАРИ МАҲБУБИ БАШАР. Касе ки баҳрро дар кӯза гунҷондаст
Шоиреро наметавон ёфт, ки аз ҳайси вусъати иттилоот ва андеша, шиддати ҳаяҷон, ғалаёни эҳсосот, гуногунии мавзӯъ ва мазмунҳои шеърӣ, дарки амиқи масъалаҳои иҷтимоӣ, вуқуф бар нафсониёт ва шинохти дардҳои дарунии одамӣ, фарогирии фалсафаву ҳикмат ва масоили бисёри дигар бо Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баробар шуда тавонад. Ин ҳама вежагиҳо дар осори Мавлонои Балх, хусусан «Маснавӣ»-и Мавлавӣ гирд омадааст ва ӯро имтиёз бар бисёре аз осори адабии дигари забони тоҷикӣ бахшидааст.
Ду асари бузурги Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ: «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир» шабеҳи оинаҳое ҳастанд, ки Мавлоно фарорӯи одамиён доштааст. Он чи дар ин оинаҳои ҷаҳоннамо инъикос ёфтаанд, баёнгари ҳодисоту воқеот ва мушкилоте мебошанд, ки инсон асрҳост бо онҳо даст ба гиребон аст. Ва агар инсони асир, инсоне, ки пойбанди қафаси тан ва тортани нафсу тамаъе гардидааст, ки тору пуди ӯро фаро гирифтааст, тавсияҳои арзишманди ин шоири андешамандро ба кор гирад, метавонад бар бисёре аз душвориҳои зиндагӣ пирӯз шавад.
Андарзҳои Мавлоно дар саросари Маснавӣ гоҳ ба ҷиду гоҳ даромехта бо танзу гуфторе малеҳ хонандаро ба шигифтӣ вомедорад. Андарзҳое, ки ҳама аз дониш ва маърифати балани гӯяндаи он, аз огоҳиву вуқуфи ӯ, ки дар умқи зеҳни шоир шакл гирифтааст, дарак медиҳанд.
Ҷалолиддин Муҳаммад аз он нобиғагони нодир аст, ки таърихи фикр ва фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст. Ӯ бо ҳама бузургӣ устуравор дар майдони андешаи қарнҳо қомат афрохтааст ва ҷилои тафаккураш забони тоҷикиро шукӯҳу ҷалол бахшидаанд.
Пас кист Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ? Як тоҷик аз сарзамини Вахшу Балх, ки ҷаҳонро бо андешаҳову афкори созандаи худ тасарруф кардааст. Вежагиҳои ин абармарди таърих, ки аз фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанг ва дурахшонтарин чеҳраҳои адабиёт ва илму адёни ҷаҳонист, барои насли имрӯз дарси ибрату омӯзиш метавонад буд. Имрӯз ҳам бо гузашти асрҳо ӯ яке аз симоҳои маҳбуб ва пазируфташудаи илму адаби дунёст, ки асарҳояш серхонандатарин дар олам буда, аз ҷиҳати теъдоди чоп дар сафи нахустин қарор доранд.
Вежагӣ ва хуҷастагии аввал ва фарқунандаи шахсияти Мавлоно, ки шабеҳе ба худ надорад ин аст, ки дар он замони мудҳиши муборизаҳои шадид дар байни адёну миллатҳо, байни мазҳабу ақоиди гуногун, байни лашкарҳои хунрезу кишварҳои мухталиф, хусусан хунрезиҳои шигифтангези чингизӣ, ӯ тавонист эҳтиром ва маҳбубияти хосае дар байни мардуми гуногунмазҳабу гуногунмиллат пайдо кунад. Ин далели он аст, ки ғояҳо ва таълимоти баланди инсонӣ метавонанд дар ҳама мавридҳо дар ҷомеаи инсонӣ бар алайҳи ҳатто абарқудратону силоҳзӯрон пирӯзӣ ба даст оранд. Мавлоно инро бо ҳаёт ва фаъолияти худ исбот кард. Ин буд, ки новобаста ба ҳама тазодҳо дар рӯзи реҳлати Мавлоно аз паси тобути ӯ мусулмону насоро, яҳудиву бутпараст, зардуштиву дигар намояндагони адёни мухталиф бо ихлос равона буданд. Яъне ғояҳое, ки Мавлоно тарғиб мекард, баландтару қавитару дурахшонтар аз ҳама таълимоти мавҷуда буданд, ё созгор ба ҳамаи онҳо. Оё метавон чунин хуҷастагиро дар мисоли шахсияти дигаре далел овард? Даъватҳои Мавлоно ба ягонагиву ваҳдат имрӯз ҳам кӯҳна нашудаанд ва башариятро аз паси худ мебаранд.
Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест,
Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест.
Чу мулки подшоҳӣ дида бошӣ,
Пас аз шоҳӣ гадоӣ маслиҳат нест.
Чу по дорӣ, бирав, дасте биҷунбон,
Ки ин бедаступоӣ маслиҳат нест.
Он чи Мавлоноро бартарӣ додаву хуҷаста гардонидааст, ин аст, ки барои Мавлоно мафҳуме баландар аз инсон ва мақоми ӯ вуҷуд надоштаааст. Инсон худ бартарин андеша – офаридаи Худост, бартар аз ҳама зуҳуроти дигар ва ин ягонагии кулле, ки Мавлоно дар инсон мебинад, фалсафаест, ки инсон ва мақоми ӯро болотар аз ҳама мақомҳо мегардонад.
Вежагии дигари таълимот ва шахсияти Мавлоно дар он зуҳури дурахшон ёфтааст, ки дар ҷодаҳои расидан ба ҳақиқати кул ӯ оқибат аз баҳри тамоми роҳҳои маъмулии замон, ки аксар сурати зоҳирпарастӣ доштанд, мебигзарад ва роҳеро интихоб мекунад, ки роҳи дил аст. Яъне танҳо дил аст, ки моро фиреб намедиҳад, ба мо дурӯғ намегӯяд ва сохтакорӣ намекунад. Ва мо медонем, ки ин гардиши булаҷаб дар зиндагии ӯ самари дидору мулоқот бо файласуф ва равшванфикри замонаш Шамси Табрезӣ буд, ки ҳаёти Мавлоноро ба куллӣ дигар кард ва ӯро абадан сокини ҳарами дил гардонд.
Он суханвари мумтоз, донишманд ва сӯфии бузург, ки тавонистааст «баҳрро дар кӯза» гунҷонад ва «пилла-пилла то мулоқоти Худо» ба мо роҳ кушояд, ҳамин Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхист. Ду асари гаронбаҳо ва беназири ӯ «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир» ду кохи бузурги маънавие ҳастанд, ки бо гузашти асрҳо на ин ки бегазанду муҷалло мондаанд, балки беш аз пеш ҷилову ҳашамат ёфтаанд.
«Маснавӣ»- и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шомили он қадар дониш ва маълумотест, ки дар баробари як донишгоҳ метавонад ба хонанда таълим бидиҳад ва ҳатто бештар аз он, зеро ҳар нафаре, ки ин асари беҳамто ва безаволро мехонад, воқеан огоҳии комил аз оламу ҳаёт, аз инсону замин, аз илму адён, аз таъриху фалсафаву табиат, рӯҳияи амиқи инсонӣ, андешаҳои амиқи илмиву ирфонӣ, панду андарзу ҳикмати ҷовидонӣ, завқу маҳорати сухан ва суханварӣ… ва ғайраву ғайра дарёб метавонад кард. «…Дар он китоби беназир саҳафоти заррини фаровонест, ки ҷаҳиши рӯҳии Ҷалолуддин шуморо ба авҷи осмонҳо мебарад, ба дарёи пурмавҷи ишқу ҳолу бехабарӣ меандозад, вале асолати он дар баёни матолиб ва кайфияти он баён ва бузургии он дар фаровонии андеша ва гуногунии он аст ва аз ин ҳайс дар дунё китобе ба бузургиву ҷалолат қадри «Маснавӣ» набошад.» (Алии Даштӣ).
Воқеан, осори гаронбаҳо, бешабеҳ ва арзишманди Мавлонои Балх баъд аз сипарӣ шудани беш аз ҳаштсад сол ҳанӯз аҳамият ва қадру қимати худро гум накардааст, балки, баръакс, имрӯз беш аз ҳар вақт дар олам нуфузу обрӯ дорад ва пешгоми ҷомеа мебошад, ки боиси сарфарозӣ ва ифтихори мо ворисони ӯст.
АКС аз манбаъҳои боз