Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мурғоб ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойинҳои аҷдодӣ ва шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд, дар доираи чорабинии тантанавӣ намоиши маҳсулоти ҳунармандони маҳаллӣ баргузор шуда, меҳмонон ба ҳунару маҳорати сокинони ноҳия баҳои баланд доданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки тавъам омадани Наврӯзи имсола бо санаи муқаддасу мубораки 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тасодуфӣ набуда, маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва бо ташаббуси фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашн мақоми ҷаҳонӣ касб намудааст.
«Наврӯз дар Бадахшон бо расму ойин ва суннатҳои хос таҷлил карда мешавад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Мурғоб Наврӯз вижагиҳои худро дорад, зеро дар ин минтақа тоҷикону қирғизон дар фазои ваҳдату ҳамгироии иҷтимоӣ умр ба сар бурда, анъанаҳои неку ҷовидонаи наврӯзии ду халқи ба ҳам дӯст ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд»,- изҳор дошт Алишер Мирзонабот.
Гуфта шуд, ки Наврӯз яке аз пуршукуҳтарин ойинҳои ниёгони халқи тоҷик буда, бо фарорасии худ аз омадани фасли баҳор ва оғози соли нави аҷдодӣ мужда медиҳад. Он рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагӣ буда, ифодагари пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадӣ мебошад.
Имрӯз Наврӯз ба ҷашни умуминсонӣ табдил ёфта, дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон бо шукуҳи хос таҷлил мегардад ва ҳамчун василаи таҳкими дӯстию сулҳ дар байни халқҳо хизмат мекунад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






