МАВСИМИ ОББОЗӢ. Дар Бадахшон вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои нохуш машқҳои тактикию амалӣ доир шуд

Июнь 22, 2023 18:24

ХОРУҒ, 22.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани мавсими оббозӣ ташвишу изтироби волдайн ва масъулин меафзояд. Зеро аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар баъзе мавридҳо аз сабаби надонистани қоидаҳои шиноварӣ ва дар ҷойҳои манъшуда оббозӣ кардан ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ рух медиҳанд, ки боиси фавти кўдакону наврасон мегардад. Маркази таълимии методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зарур шумурд, ки барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш шумораи машқҳои тактикию амалӣ ва навбатдории доимиро боз ҳам бештар роҳандозӣ намояд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Машқи навбатии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳавзи Боғи фарҳангии шаҳри Хоруғ, ки ягона макони оббозии кўдакону наврасони маҳаллаҳои шаҳр ба шумор меравад, доир гардид.

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон дод, ки аксари маврид одамон дар он маконҳое зери об мемонанд ва ҷонашонро аз даст медиҳанд, ки аз назарҳо дуранд ва аслан барои оббозӣ хеле хатарнок мебошанд. Кормандони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилоят қабл аз мавсими оббозӣ ҳамаи ин ҷойҳоро муайян намуданд ва навбатдориро дар маконҳои хатарзо ба роҳ монданд. Дар назди маконҳои оббозӣ лавҳаҳои махсуси огоҳкунанда насб намуданд.

Мутахассисон дар ҷараёни машқҳои тактикӣ ба ҳамаи кӯдакону наврасон, ки ба оббозӣ машғул буданд ва ё бо волидони худ дар лаби ҳавз истироҳат мекарданд, риояи қоидаҳои бехатарро ҳангоми оббозӣ тавзеҳ доданд. Ҳамчунин ба онҳо варақаҳои таблиғотӣ, рақамҳои телефонҳои хадамоти фавриро доданд, ки дар мавридҳои зарурӣ аз он истифода баранд.

Корманди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят Мунир Шикориев гуфт, ки дар робита ба ҳавои гарми рӯзҳои охир хатари рух додани чунин ҳодисаҳо дар обҳои вилоят меафзояд.

«Дар рӯзҳои таътили тобистона кӯдакону наврасон бештар вақти худро дар лаби рӯдхонаву ҳавзҳои табиию сунъӣ мегузаронанд. Бинобар ин таваҷҷуҳи имдодгарону наҷотдиҳандагон низ бештар ба кӯдаконест, ки дар соҳили дарё, ҳавзу обанборҳо гаштугузор мекунанд»,-изҳор дошт ӯ.

Чунин машқҳои амалӣ то охири мавсими оббозӣ дар дигар ноҳияҳои вилоят низ баргузор мегарданд. Зеро таъмини бехатариву амният дар обҳо яке аз вазифаҳои басо муҳими гурӯҳҳои наҷотдиҳии Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражадании ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 22, 2023 18:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид