Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо сарбозону афсарони қисмҳои низомии Хоруғ мулоқот намуд

Июнь 23, 2023 16:43

ДУШАНБЕ, 23.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва тезу тунд гардидани вазъи ҷаҳон ҳар як сарбози Ватанро зарур аст, ки зиракиву далериро аз даст надода, баҳри ҳимояи хоки муқаддаси давлати соҳибистиқлоламон ҳамаҷониба омода бошад. Чунин иброз намуд муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни мулоқот бо сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ дар шаҳри Хоруғ. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Ҳамзамон муовини Сарвазир афсарону сарбозонро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, иброз дошт, ки ғамҳориҳои рӯзафзуни Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як сарбозу афсар нерӯи тоза бахшида, ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҳар яке аз онҳо бояд чун фарзанди шоистаи Ватан хизмати ҳарбиро софдилона ба ҷо оранду ба савганди ҳарбӣ содиқ бошанд.

Таъкид гардид, ки хизмат ба Ватан ин ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа барои зиндагии осудаи наслҳои оянда ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мактаби ҳаёт, дарси ҷавонмардиву ҷасорат аст. Чунин мафҳумро бархе аз ҷавонони далеру ҷасур ва ватанпарасту хештаншинос дарк намуда, софдилона дар артиш хизмат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 16 то 23 июни соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон чорабиниҳои илмиву маърифатӣ, фарҳангиву зеҳнӣ, тандурустиву варзишӣ ва суҳбату вохўриҳо бо сокинон таҳти унвони «Тоҷикистон ягона-Бадахшон нигини он» доир гардиданд.

АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»

Июнь 23, 2023 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид