Охири моҳи июн дар Тоҷикистон ҷашни Тиргон, иди зардолу ва намоиши хушкмеваҳо баргузор хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 02.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Якшанбеи охири моҳи июн дар Тоҷикистон баргузории ҷашни Тиргон дар якҷоягӣ бо Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» дар назар дошта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии мамлакат.
Масъулони баргузории ин ҷашну намоиш Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, телевизион ва радио, ҳифзи муҳити зист, агентиҳои беҳдошти замин ва обёрӣ, содирот, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҷашни Тиргон ба монанди Сада, Наврӯз ва Меҳргон ба гоҳшуморӣ ё солшумории пешиниён пайвастагӣ дорад.
Моҳи Тир (тирмоҳ, баробари 21 июн — 21 июл) дар фасли гармо, дар тобистон рост меояд. Дар ин давра ғалла ва меваҳои зиёд мепазанд. Ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи деҳқонон оғоз мешавад.
Тавре президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ Тиргон ҷашни даъвати борон аст ва ба фасли тобистон рост меояд.
АКС: манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






