Президенти Тоҷикистон: «Барои мардуми тоҷик, хусусан насли ҷавон донистану дарк намудани қадру қимати сулҳу ваҳдат ва ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарин мебошад»

Июнь 27, 2023 08:42

ДУШАНБЕ, 27.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Барои мардуми ҷумҳурӣ  ва хусусан, насли ҷавони мо, ки дар шароити сулҳу суботи комил ба воя мерасад, донистану дарк намудани қадру қимати сулҳу ваҳдат ва кӯшишу талоши пайваста ҷиҳати ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарин мебошад. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ  таъкид намуданд.

Сарвари давлат тазаккур доданд, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳар сол дар мамлакати соҳибистиқлоли мо бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил таҷлил мегардад, барои шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим ва таърихӣ ба шумор меравад.

Пешвои миллат бо изҳори таассуф ёдовар шуданд, ки Тоҷикистон ҳанӯз аз қадамҳои нахустини даврони истиқлолу озодӣ дар натиҷаи фитнаву дасисаи душманони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ба зарбаи даҳшатноку фоҷиабори таърих – мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.

«Дар як муддати кӯтоҳ шиддати ҷанг ба дараҷае расид, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти даҳшатбори рӯз табдил ёфта буд. Ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ аз боло то поён аз фаъолият боз монда, тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фалаҷ гардида буданд, — хотиррасон намуданд Роҳбари давлат.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси фарзандони огоҳу ватандӯст даъват гардидану баргузор шудани Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд ва интихоби роҳбарияти нави сиёсии мамлакат дар он шароити ниҳоят вазнин роҳи ягона ва дурусти қатъи хунрезӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик, бартараф намудани оқибатҳои ҷанг ва фароҳам овардани шароит барои таъмин намудани рушди Тоҷикистон буд.

Дар идома Пешвои миллат ёдрас шуданд, ки расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва мустаҳкам намудани раванди ваҳдати миллӣ масири бисёр вазнину пурпечутоб буд.

Дар паёми шодбошии Президенти мамлакт ҳамчунин омадааст, ки имрӯз ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузургу таърихии халқи тоҷик ба яке аз ҷашнҳои умумимиллӣ ва рамзи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми шарифи тоҷик табдил ёфтааст. Ҳамчунин ваҳдат дар баробари арзишҳои истиқлолу озодӣ ва ватану миллат ҷузъи таркибии хираду андешаи сулҳҷуёнаву таҳаммулгароёнаи мардуми Тоҷикистон ва равшанибахши роҳи пурифтихори созандагиву ободгаронаи аҳли ҷомеа гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 27 июн дар Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ бо шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин ҷашн дар саросари ҷумҳурӣ ҷамъомаду ҳамоишҳо, барномаҳои консертӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ярмаркаҳои озуқаворӣ баргузор мегарданд.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 27, 2023 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш