Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали ба номи Саидаҳмад Карим»-и ноҳияи Ховалинг бо нашъунамои картошка шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 20.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои корами Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ба номи Саидаҳмад Карим”-и ноҳияи Ховалинг бо нашъунамои картошка шинос шуданд.
Масоҳати кишти картошка 3 гектарро ташкил медиҳад. Нашъунамои ниҳоли зироати навъи “Гала” ба иқлими минтақа мутобиқ ва хуб мебошад. Сабзиши хуби картошка аз меҳнати пайваста ва риоя гардидани талабот зимни кишту парвариш дарак медиҳад. Аз рӯйи ҳисоби пешакии мутахассисони соҳа ҳосили интизорӣ аз майдони картошказор 400 — 450 сентнерро ташкил хоҳад дод.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки соли равон аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ба номи Саидаҳмад Карим”-и ноҳияи Ховалинг якҷо бо аҳолӣ дар майдони 13 гектар картошка кишт карда шудааст. Картошкаро дар ин майдон даҳаи аввали моҳи май кишт кардаанд ва аллакай ду маротиба коркарди байни қаторҳо гузаронида, бо дарназардошти талабот ва меъëри муайяншуда бо нуриҳои минералӣ таъмин намудаанд.
Айни замон зироат дар ҳолати гулкунӣ қарор дорад ва гуфта мешавад, ки ҳосилро аввали моҳи август, яъне пас аз 90 рӯзи кишт ҷамъоварӣ менамоянд. Дар баробари картошка ин ҷо ҳамчунин дар масоҳати 0,30 гектар помидор, бодиринг ва дигар намуди сабзавот кишт карда шудааст. Нашъунамои сабзавот низ хуб аст.
Ноҳияи Ховалинг барои машғул шудан ба кишоварзӣ иқлим ва обу ҳавои мусоид дорад. Дар сурати дуруст ба роҳ мондани агротехникаи кишт ва парвариши зироат имкон фароҳам меояд, ки ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб заминро муҳим шумориданд. Таъкид гардид, ки сокинон бо зиëд намудани майдони картошка метавонанд даромади хуби иқтисодӣ гирифта, зиндагии шоиста дошта бошанд. Картошка барои аҳолӣ маҳсулоти ниëзи аввал маҳсуб ëфта, дар бозор талабгори зиëд дорад. Бо истифода аз иқлим ва обу ҳавои мусоид кишоварзони ноҳия соли равон ин навъи зироатро дар масоҳати 400 гектар кишт намудаанд.
Дар ҳамин минтақа соли гузашта кормандони хоҷагии ҷангали ноҳия дар майдони 5 гектар беда кишт карда, соли равон аллакай як маротиба дарав намудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар назди Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ба номи Саидаҳмад Карим”-и ноҳияи Ховалинг хоҷагии ëрирасон ташкил карда шудааст ва дар он 175 сар чорвои майда парвариш меёбад. Ҳамасола барои нигоҳубини чорво аз ҳудуди хоҷагӣ, ки заминҳои он 107 ҳазору 785 гектар мебошад, 280 тонна хӯроки чорво, аз ҷумла 120 тонна беда ҷамъоварӣ карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти кормандони Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ба номи Саидаҳмад Карим”-ро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат ҳисобида, ба кишоварзон барои кишт, парвариш ва ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ маслиҳатҳои муфид доданд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд






