Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносиро ба истифода доданд

Июнь 20, 2023 06:53

ДУШАНБЕ, 20.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бинои Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносиро ба истифода доданд.

Иншооти нав дар асоси дастуру ҳидоят ва сиёсати муваффақи фарҳангдӯстонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, аз ду ошёна иборат аст.

Осорхона шуъбаҳои асри санг, асри биринҷ, асрҳои миёна, шаҳри Мунки бостонӣ ва дигар давраҳои таърихиро дар бар гирифта, таҷассумгари таъриху тамаддуни қадимаи омӯзандаи миллати тоҷик мебошад.

Дар ошёнаи якуми бино гӯшаи асарҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Президенти мо”, бозёфтҳои ҷамъовардаи кормандони осорхона ва гурӯҳи кории бостоншиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил гардида, осори таърихию фарҳангӣ аз ҳаёти гузаштаи тамоми ҳудуди ноҳияи Ховалинг дар қабати дуюми иншоот ба намоиш гузошта шудааст. Ҳар як гӯшаи осорхона вобаста ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик дорои бозёфт ва ёдгориҳое мебошад, ки ҳар бинандаро бо гузаштаи пурифтихори ниёгони тоҷик ошно месозанд.

Дар Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносии ноҳияи Ховалинг зиёда аз 4 ҳазор нигораи бозгӯкунандаи тамоми давраҳои таърихӣ, аз ҷумла 2 ҳазор осори заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, мисгарӣ, шишапораҳо, сафолоти гуногуни рӯзғордорӣ, зарфҳо, бозёфтҳои асбобҳои сангӣ ва дигар ёдгориҳо аз шаҳри Мунки бостонӣ ҷамъоварӣ гардидааст.

Ёдгориҳои осорхона марбут ба асри санг, асри биринҷ, асрҳои миёна, давраи пеш ва баъди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Ховалинг дар самти тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ва шинохти шахсиятҳои таърихии халқамон мусоидат менамояд. Зеро дар гӯшаҳои осорхона ёдгориву бозёфтҳо аз давраҳои гуногуни таърихи миллати тоҷик, аз ҷумла Ҳахоманишиниён, Селевкиҳо, Кӯшониён, Сосониён ва Сомониён мавҷуд аст.

Тавре зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, имрӯзҳо беш аз 10 нафар унвонҷӯи дохилию хориҷӣ дар ин осорхона ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул мебошанд.

Бинои осорхона бо истифода аз унсурҳои хоси миллию таърихӣ бо иқдоми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, тасвирҳои таърихии он аз соҳибтамаддун, соҳибкасб, соҳибтахассус ва ҳунарманд будани миллати тоҷик дарак медиҳанд.

Иншоот дар масоҳати 144 метри мураббаъ бунёд гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 7 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Ифтитоҳи Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии ноҳияи Ховалинг 20.06.2023

Июнь 20, 2023 06:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд