Раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон бо омўзгорони Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд мулоқот намуд

Июнь 15, 2023 13:38

ДУШАНБЕ, 15.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар партави иҷрои Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба  Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқоти раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Қурбонзода бо омӯзгорону кормандони Филиал ва Литсейи касбии хизмати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар   шаҳри Хуҷанд  баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон.

Зимни баргузории чорабинии мазкур Маҳмадалӣ Қурбонзода иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро василаи беҳтарини ноилгардӣ ба ҳадафҳои миллӣ ва стратегии мамлакат унвон намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои дахлдори он ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  фаъолияти сохторҳои таркибии Донишгоҳ, махсусан Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосири назди Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанди Донишгоҳ  шинос шуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 15, 2023 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд