Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Замина ва шароити мусоид имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон истеҳсоли асал то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад»

Июнь 21, 2023 13:42

ДУШАНБЕ, 21.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Заминаи мусоиди фароҳамоварда имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад. Ин нуктаро дирӯз дар ноҳияи Ховалинг зимни суханронӣ дар семинар-машварати занбӯриасалпарварӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сарвари давлат, аз ҷумла тазаккур доданд, ки мавҷудияти чашмаву рӯдҳои кӯҳӣ, майдони зиёди дарахту растаниҳои шифобахш ва дигар захираҳои табиии мамлакат (зиёда аз 170 намуд ва майдони 3,8 миллион гектар) заминаи мусоид фароҳам меоварад, ки дар Тоҷикистон соҳаи занбӯриасалпарварӣ рушд ёфта, миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад.

«Маҳсулоти дигари соҳа, аз ҷумла мум, гарди гул, шири модарзанбӯр, ширеш ва заҳри занбӯр, ки дар саноати дорусозӣ ва тибби муосир васеъ истифода мегардад, истеҳсол ва маҳсулоти соҳа ба хориҷи мамлакат содирот карда шавад», — илова намуданд Пешвои миллат.

Ёдовар мешавам, ки дар мамлакат соли 1991 ҳамагӣ 61 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, ба ҳисоби миёна аз ҳар як оила 9,7 килограмм асал ва дар маҷмӯъ 593 тонна асал истеҳсол мегардид.

Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли асал, яъне яке аз навъҳои беҳтарини маҳсулоти табобатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиш додани даромади аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ корҳои зиёди назаррас анҷом дода шуданд.

Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» ва дар асоси он якчанд қарорҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат қабул гардиданд, ки фаъолияти соҳаро ба танзим дароварда, ба ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷудаи он мусоидат менамоянд. Ҳамзамон бо ин, чор барномаи давлатии рушди соҳа қабул гардид, ки ба пешрафти занбӯриасалпарварӣ дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат такони ҷиддӣ бахшид.

Барои амалисозии барномаҳои мазкур аз буҷети давлат зиёда аз 10 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд. Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои рушди соҳа шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории кишвар соли 2022 ба 264 ҳазор ва истеҳсоли асал ба 4,6 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991 шумораи оилаҳои занбӯри асал 4,3 баробар, истеҳсоли асал 7,7 баробар ва маҳсулнокии оилаҳо 1,8 баробар зиёд гардид.

Ҳамзамон бо ин, рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуда, танҳо аз ҳисоби ин соҳа зиёда аз 10 ҳазор нафар сокинони мамлакат бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд ва сатҳи зиндагии худро беҳтар сохтанд.

Дар доираи татбиқи ин барномаҳо ҳазорҳо модарзанбӯри зотӣ ва оилаҳои занбӯри асал бо тамоми таҷҳизот, доруворӣ ва хӯрокӣ ворид гардида, барои беҳтар намудани зоти занбӯри асали дар мамлакат парваришёбанда ва сермаҳсул гардонидани оилаҳои занбӯри асал ба занбӯрпарварони касбӣ дастрас карда шуд.

Барои тайёр намудани мутахассисони соҳа дар факултаи зооинженерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бахши занбӯриасалпарварӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол онро 25 нафар хатм менамоянд. Инчунин, пойгоҳи моддиву техникии Корхонаи воҳиди давлатии занбӯриасалпарварии «Асали Тоҷикистон» тақвият бахшида, дар мамлакат 5 корхонаи коркарди асал таъсис дода шуд.

Лекин ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти шароиту имконияти Тоҷикистон ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд.

Вобаста ба ин, Вазорати кишоварзӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки иҷрои саривақтӣ ва пурраи чорабиниҳои барномаи соҳавии қабулгардида барои солҳои 2023 – 2027-ро таъмин намуда, бо дарназардошти имкониятҳои фаровони рушди соҳа ҷиҳати ба таври назаррас афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли асал тадбирҳои иловагиро амалӣ намояд.

Ҳамчунин, ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки барои ҷудо намудани қитъаи замин ҷиҳати ташкили хоҷагиҳои зотпарварӣ ва ноҳиябандии навъҳои занбӯри асал чораҳои амалӣ андешанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 21, 2023 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фарогири дастуру супоришҳо, нақшаву пешниҳодҳо ва стратегияву ҳисобот мебошад
ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб барои навхонадорон гузаштан аз муоинаи тиббӣ ҳатмӣ шуд
МАБЛАҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ 100 ФОИЗ ЗИЁД КАРДА ШУД. Акнун соҳиби Шоҳҷоиза бо 140 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соли 2025 — руйдодҳои муҳим ва навгониҳо
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст