Тағйирёбии иқлим фаъолияти сулҳҷўёнаи Созмони Миллали Мутатаҳидро мушкил месозад

Июнь 15, 2023 10:46

ДУШАНБЕ, 15.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тағйирёбии иқлим захираҳои табииро коҳиш дода, муноқишаҳоро афзоиш медиҳад. Дар баробари ин, таназзули муҳити зист ва ҳаводиси шадиди обу ҳаво, ки дар натиҷаи гармшавии глобалӣ ба вуҷуд омадаанд, фаъолияти сулҳҷўёнаи Созмони Миллали Муттаҳидро душвор мегардонад. Дар ин хусус муовини Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид оид ба амалиёти сулҳҷӯёна Жан — Пиер Лакруа дар нишасти сатҳи вазирони Шӯрои амнияти ин Созмон оид ба иқлим ва амният изҳор дошт. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба маркази матбуоти Созмони Миллали Муттаҳид иттилоъ додааст.

Ӯ ишора намуд, ки аксари намояндагиҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар кишварҳои хеле осебпазир аз тағйироти иқлим, аз ҷумла Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Ҷумҳурии Демократии Конго, Судон, Судони Ҷанубӣ, Афғонистон, Сомалӣ, Малӣ, Ҳаити ва Яман ҷойгир шудаанд.

«Дар Судони Ҷанубӣ аз 10 музофот 8-тоаш аз обхезиҳо осеб дидаанд, ки дар натиҷа дар кӯтоҳтарин муддат кӯчонидани аҳолӣ ва ҷобаҷокунии аҳолӣ ба миён омада, он ба муддати дароз тӯл мекашад. Ин ҳолат ҷомеаҳои гуногунро ба ҳам мепайвандад ва рақобатро барои захираҳо пурзӯр менамояд», — баён намуд Лакруа.

«Дар айни замон обхезиҳо фаъолияти сулҳҷӯёнаи Созмонро коҳиш медиҳанд, онҳо маҷбур мешаванд, ки чархболҳо ё қаиқҳоро истифода баранд, ки бо сабаби талаботи зиёд намерасанд», — илова намуд ӯ.

Хушксолии бузургтарин дар даҳсолаҳои охир дар Сомалӣ низ боиси овора шудани оммавӣ, гуруснагӣ ва норозигии мардум шудааст. Афзоиши гармӣ, камбуди об ва тӯфони чангу ғубор дар Ироқ боиси ташаннуҷи байни ҷомеаҳо мегардад.

Ҳоло дар фаъолитяи сулҳҷӯёнаи Созмони Миллали Муттаҳид мушовирони вижаи иқлим фаъолият мекунанд ва маблағҳои Хазинаи сулҳи Созмони мазкур ба лоиҳаҳои гуногуни экологӣ, аз ҷумла ба соҳаи идоракунии захираҳои об равона карда мешаванд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

Акс: АЗЕРТАҶ

Июнь 15, 2023 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад