ТИРГОН – ҶАШНИ ОБУ БОРОН. Мулоҳизаҳои ходими АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ

Июнь 25, 2023 09:12

ДУШАНБЕ, 25.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Барои исботи қадимӣ, соҳибтамаддун ва  фарҳангсолор будани миллати тоҷик ҳамин далел кофист, ки ин миллат дар ҷаҳор фасли сол ҷаҳор ҷашни оламшумулу аз ҷониби ҷаҳониён пазируфтае дорад, ки ҳар яке аз ин ҷашнҳо заминаҳои қавии илмиву асотирӣ ва кайҳониву рӯҳонии худро дошта,  падидаи хуҷастаи ҳаёти маънавии инсоният дар рӯи Замин мебошанд. Ва дар баробари ин ҳар яке аз ин ҷашнҳо дар тӯли асрҳо ҳазорон суннату одобу фарҳанги бешабеҳи ин миллати моро дар худ маҳфуз доштаанд, ки ҳар яке ҳадафҳои зиёди инсонпарварона, хайрхоҳонаву некбинонаро  дунболагиранд. Чунин иброз дошт  Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ходими адабии  АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО.

— Тиргон яке аз чаҳор ҷашни миллии мост, ки дар 13-умин рӯз аз моҳи тир (тиррӯз) барпо мешуд. Чунон ки гуфтем ҳар ҷашн ба як фасли сол мутобиқ омадааст, масалан, агар Сада дар фасли зимистон, Наврӯз дар баҳорон ва Меҳргон дар тирамоҳ таҷлил ёбанд, пас Тиргон ҷашни тобистон аст, мутобиқ ба охири июн ва аввали июли ҳар сол. Албатта, ин ҷашнҳо ҳар яке марбут ба табиат ҳастанд, чуночи, Сада ҷашни оташ, Наврӯз ҷаши хоку замин, Тиргон марбути об ва Меҳргон марбути рӯшноии осмон ва ҳавост. Чунон ки мебинем, мабдаи ин ҷаҳор ҷашн ҷаҳор унсури азалии барои инсон муқаддас мебошанд. Ин чаҳор унсури муқаддаси азалӣ асоси пайдоиши ҳаёт дар рӯи заминанд ва ин далеле қотеъи он аст, ки ҷашнҳои миллии мо ҳама асоси илмиву таърихиву фарҳангиву маънавӣ доранд.

Чунонки Дилшод Раҳимӣ фарҳангшиноси тоҷик дар пажӯҳиши худ овардааст: Тир  номи эзади борон дар мифологияи  Эрони бостон буда, дар Авасто дар шакли Тиштарйа , дар паҳлавӣ  — Тиштар ва дар форсии навин  бо номҳои Тиштар ва Тир дарҷ гардидааст.  Масъулияте, ки Тиштар бар уҳда дошт, об гирифтан аз дарёи Фарохкарт  ва онро дар шакли борон резондан  ба заминҳои аҳуроӣ мебошад. Тиштра ҳамчунин номи ситораи  рахшонтарини осмон  буда, бо номи ситораи  Сириуси юнонӣ ҳамреша аст.

Дар яшти ҳаштуми Авесто («Тир – Яшт»), таъкид мекунад Дилшод Раҳимӣ, Тиштар ситораи сапеду дурахшон ва тавоно мебошад, ки сиришти об дораду нажодаш аз Апам Напат  (эзади обҳо) аст.  Тиштар ба колбадҳои марди ҷавони нерӯманд, аспи сафеди заррингӯш  ва гови зарриншох медарояд ва бо деви хушксоливу беборонӣ Апаоша , ки мехост ҷаҳонро аз беобӣ табоҳ созад, мубориза мебарад. Дар набарди  аввал Апаоша  ғолиб меояд ва пеши дарёи Фарохкартро мебандад, абрҳои  бороварро  пора-пора мекунад, аммо дар набарди дуюм Тиштар неру гирифта, деви хушксолиро шикаст медиҳад. Аз он пас абрҳо пурбор шуда, боронҳои фаровон ба кӯҳу  дашту даман меборанд,  ва табиат сарсабз гашта, ҳаёти осудаву хуррам оғоз мешавад.

Ба андешаи Дилшод Раҳимӣ,  ин матни  бофтаи омиёна аст ва Берунӣ ҳам ин қазияро бо номҳои қаҳрамонони ҳамосаҳои эронӣ рабт дода, ривоятро  такмил додааст.

Бешубҳа маросиму ойинҳо қисмати асосии ин ҷашни асотириро ташкил додаанд, ки метавон дар асоси онҳо таърихи барқароршавӣ ва ҳадафу мазмунҳои ин ҷашни қадимиро муайян намуд.

Эрониёни қадим дар рӯзи ид ба даруну беруни хона об мепошиданд, онро тоза карда либоси тоза мепӯшиданд, баъд дастпона аз риштаҳои ҳафтранг ба тақлиди тирукамон мебофтанд бо номи «Тиру бод».  Пас аз даҳ рӯз дар «Рӯзи бод» дастпонаҳоро аз даст берун оварда ҳаво медоданд, яъне ба дасти бод месупориданд. Дар ин рӯз эрониён аз хона бадар меомаданд, бо хурсандӣ ба ҳамдигар об мечошиданд ва ин одат то ҳанӯз дар баъзе ҷойҳои Эрон боқист , аммо акнун бо каме тағйирот.

Дар байни тоҷикони мо ҳам суннату одатҳои зиёде  вобаста ба обу борону боду тундар ҷой доштаанд. Анъанаҳои  тоҷикии «Ашагулон», «Сусхотун»,  ва «Чиллахотун» барои даъвати борон дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон гузаронида мешуданд. Аммо ҷашнгирии Тиргон пайваста камтар ба вуқӯъ мепайваст

Дар тасаввуроти баъзе манотиқи Тоҷикистон то ба имрӯз боварҳо дар бораи эзади тундару чароғак ва борон бо номи Камбар, дар баъзе  ҷойҳои дигар бо номи Бобо Қилдир, боқӣ мондаанд, ки бешак идомаи оммиёнаи асотири ниёкони мо  дар бораи эзади борон Тир мебошанд.

Дар давраҳои қадима мардумони манотиқи гуногуни тоҷикнишин барои даъвати  борон ба Камбар муроҷиат карда, ҳар гуна маросиму амалҳои ҷодуиро барпо мекарданд, ки имрӯзҳо баъзеашон ба сурати бозиҳои бачагона боқӣ мондаанд.

Чунон ки гуфта шуд пайваста ҷашни Тиргон ва баргузории он рӯ ба таназзул ниҳод, шояд сабабаш он буд, ки ин ҷашн бештар бар таассубу хурофот ва қиссаҳои асотирӣ  дошт. Чунон, ки фарҳангшинос Дилшод Раҳимӣ муайян намудааст, тақрибан пас з асрҳои 14-15 роҷеъ  ба баргузории Тиргон дар китобҳои таърихию адабӣ хабаре нест. Расму ойинҳое, ки дар байни мардум ривоҷ ёфтаанд, ба куллӣ аз байн намераванд ва маъмулан бо тақозои макону замон, идеология ва сиёсати давлатӣ таҳаввул меёбанд ва унсурҳояшон каму зиёд мегарданд, чунончи дар даврони нави Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизи мо бо ташабус ва иқдомҳои Ватандӯстонаи Пешвои миллатамон, ки такя ба фарҳангу маърифати ҳазоронсолаи миллати мо доранд, ҷашни Тиргон низ дар қатори ҷашнҳои Садаву Наврӯзу Меҳргон эҳёи тоза ёфт, ки бисёр аҳамияти муҳимми маърифативу худшиносӣ дошта заминаи комиле барои дар асоси суннатҳои миллӣ бунёд кардани маънавиёти миллии моро хоҳад гузошт.

Мо аминем, ки миллати покзамири мо дар асоси эҳёи ҷашни Тиргон ва дар асоси эътимоду эътиқоди азалӣ, яъне муқаддас шуморидани об  ва ҳарчи марбути об аст, дар оянда бо таъбу завқи эҷодкори худ ҷашни Тиргонро низ бо иқдомҳои нав ва рангу ҷилоҳои тоза ҳарчи бештар шукӯҳи миллӣ хоҳад дод. Ин ки имрӯз Тоҷикистони хайрхоҳу некбини мо бо ташаббус ва пешҳниҳодҳои башардӯстонаи Пешвои миллатамон, хусусан дар мавриди ҳифзи оби поку пиряхҳо ва ҳалли мушкили об дар Сайёра яке аз мавқеъҳои дурахшонро ишғол намудааст, худ далели миллати Тиргон, миллати муқаддасдорандаи об дар рӯи Замин будани он аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 25, 2023 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
ТОҶИКИСТОН ВА СҲШ: аз муколамаи сиёсӣ то ҳамкории амалӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Ташаббуси қонунгузорӣ оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши яклухту чаканаи сигаретаҳои электронӣ -қадами муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд