Тоҷикистон ва Қатар ҷиҳати рушди савдои биржа ва тиҷорати электронӣ ҳамкорӣ менамоянд

Июнь 12, 2023 19:46

ДУШАНБЕ, 12.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари давлатии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Олӣ Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорат ва саноати Давлати Қатар дар соҳаи тиҷорат ба имзо расид. Дар ин хусус ба «АМИТ» Ховар дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Санади мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тиҷорати дуҷониба дар асоси принсипҳои мутақобилан судманд дар самтҳои зерин аз ҷумла, табодули таҷриба дар соҳаи рушди савдои дохилӣ ва хориҷӣ, инкишоф ва пешбурди содироти молу хизматрасониҳои ғайримолӣ, беҳтар намудани инфрасохтори савдо, рушди савдои биржа ва тиҷорати электронӣ, мусоидат ба муколамаи байни сохторҳои давлатӣ, хусусӣ, муоширати корпоративӣ дар таълими кадрҳо, табодули таҷрибаи инноватсионӣ, ҳамкории корхонаҳои ҳар ду давлат, аз ҷумла осон намудани савдои молу маҳсулот зерин ҳамкориро ба роҳ хоҳанд монд.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 15 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расонида шуд, ки онҳо дар тақвияти ҳамкории Тоҷикистону Қатар нақши муассир хоҳанд гузошт.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 12, 2023 19:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем