Зубайдулло Давлатов: «Таърих ҳушдор медиҳад, ки бояд манфиатҳои миллию давлатӣ аз манфиатҳои дигар, аз қабили гурӯҳӣ, ҳизбӣ ва маҳаллӣ боло гузошта шаванд»
ДУШАНБЕ, 18.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аҳамияти бузурги истиқрори сулҳ ва ризояти миллиро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро таҳкимбахшандаи пояҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон арзёбӣ намудаанд. Ваҳдати миллӣ дар таърихи даврони Истиқлоли давлатӣ моҳиятан дастоварди муҳимтарин аст. Чунин изҳори андеша намудааст Сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ дар мақолаи худ, ки бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст. Дар зер матни пурраи мақолаи мазкур оварда мешавад:
Имрӯз муҳимтарин рисолат барои тоҷикон ва ақаллиятҳои милллие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ватани худ меҳисобанд, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошад.
Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ раванди ниҳоят мураккаб буд. Нақши Иҷлосияи тақдирсози XVI – уми Шӯрои Олӣ ва Раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳи тоҷикон ҳалкунанда буд. Иқдоми Раиси Шӯрои Олӣ он вақт тасмимгирии саҳлу сода набуд, ҷуръату мардонагии бузургеро талаб менамуд. Сарвари ҷавони давлат дар роҳи барқарор сохтани сулҳ ва эҷоди фазои Ваҳдати миллӣ ҷон ба каф гирифта, барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳи тоҷикон сафарҳои пурхатар анҷом дода, бо такя ба мардуми хирадманди Тоҷикистон сулҳу ваҳдатро дар мамлакат барқарор намуданд.
Барои фарогир шудани Ваҳдати миллӣ он бояд дар шаклу сатҳи як тафаккур ва фарҳанг асоси ҳувияти наслҳоро ташкил диҳад
Вақте давлатҳо ба истиқлол мерасанд, ин ҳанӯз ибтидои роҳи давлатсозию миллатсозист. Табиист, ки дар давраи нави таърихӣ арзишҳои нав ба вуҷуд меоянд. Аммо арзишҳои давлатсозу миллатсоз, яъне арзишҳои аслӣ ба мисли таҳкими Истиқлолу Ваҳдати миллӣ, ташаккули ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми низоми қонунии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ифтихор аз шаҳрвандӣ, садоқату самимият ба давлату миллат ба худ мазмунҳои нав касб намуда, мутобиқ ба мазмуни даврони соҳибистиқлолӣ такмил меёбанд. Яъне арзишҳои аслӣ аз байн намераванд, балки такмили шаклу мазмун менамоянд. Муҳим он аст, ки ин арзишҳо муайянкунандаи симою тафакури миллӣ бошанд. Ба фарҳанги фардҳо, наслҳо ва халқҳо табдил ёбад. Фарҳанги миллии мо забони умумибашарӣ дорад. Пайкари миллат аз гили ҳамин арзишҳо ва дигар арзишҳои умумибишарӣ сохта шавад, фатҳи ҳама гуна ҳадафҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ имконпазир мегардад. Ҳар насле, ки пой бар остонаи мактаб мениҳад, бояд доранда ва барандаи арзишҳои миллию давлатӣ бошад. Дар ин ҷода нақшу заҳмати падару модарон, омӯзгорону устодон, ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муайянкунанда ва ҳалкунанда мебошад, зеро барои фарогир шудани Ваҳдати миллӣ он бояд дар шаклу сатҳи як тафаккур ва фарҳанг асоси ҳувияти наслҳоро ташкил диҳад.
Беҳтарин хусусияти фарҳанги миллӣ асл ва меъёри он хидмат ба Ватан ва хидмат ба Инсон аст. Мо Ватани худро интихоб карда наметавонем, зеро Ватан сарзамини тақдиршуда буда бо омилҳои дигари зиндагӣ печидагӣ дорад.
Аз санаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 26 сол сипарӣ мешавад. Бояд шаҳрвандони мамлакат бидонанд, ки дар побарҷойии сулҳу амният ва суботи ҷомеа мувофиқат ва мувозинати мавқеъҳо, гузаштҳо, муросо, таҳаммулпазирӣ, мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ афзорҳое мебошанд, ки ба амалишавии воқеии ин арзишҳо мусоидат менамоянд.
Бо гузашти вақт сол то сол мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, ба хотири шукуфоии ватани азизамон дигар ихтилоф наҷӯем, балки умумиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиеро, ки моро бо ҳам мепайванданд, дарёфт намуда, бо такя ба онҳо ваҳдату сулҳу амниятро таҳким бахшем. Ин омилҳо роҳро ба сӯйи сулҳу ваҳдат ва амният равшану ҳамвор мегардонанд.
Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон барои ҳар як ватандӯсту ватанпараст барои наслҳо, оилаҳо ва ҳар як шаҳрванд сабақҳои бисёр муҳим дорад. Ин омӯзгор, ки номаш таърих аст, ҳушдор медиҳад, ки бояд ҳама манфиатҳои дигар, аз қабили манфиатҳои гурӯҳӣ, ҳизбӣ, маҳаллӣ ба ҳеҷ ваҷҳ аз манфиатҳои миллию давлатӣ боло гузошта нашаванд. Танҳо дар сурати чун дастоварди Истиқлоли давлатӣ пазируфтани суботу амният, ваҳдату сулҳи пойдор ва чун арзишҳои миллию давлатӣ талқин намудани онҳо давлатро пойдору миллатро устувор нигаҳ дошта метавонад.
Соҳибназари испанӣ Ҷорҷ Сантана дар бораи сабақҳои таърих андешаронӣ намуда, барҳақ фармудааст: «Онҳое, ки аз таърих сабақ намегиранд, маҳкум ба такрораш мебошанд».
Мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд нисбати тақдири минбаъдаи давлату миллат эҳсоси масъулият дошта бошем. Ин масъулият ҳам ифтихорист ва ҳам инкори бетарафии ҳар яки мо. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарофати меҳнатпарастӣ, матонату диловарӣ ва хирадмандии шаҳрвандон як ҷомеаи умумии шаҳрвандии хубе бунёд ёфтааст, ки дар он миллатҳои гуногун, ақаллиятҳои миллӣ паҳлуи ҳам дӯстона дар фазои сулҳу созиш умр ба сар мебаранд ва дар таҳкими минбаъдаи Истиқлолу Ваҳдат саҳми муҳим мегузоранд.
Ягонагии мардуми мамлакат, ваҳдати ҳамаи қишрҳои ҷомеа, таҳкими иттиҳоди иҷтимоӣ муҳимтарин вазифаи дастгоҳи идораи давлат ба шумор меравад. Дар раванди давлатсозӣ аз хатоҳои гузашта хулосаҳои аниқу дақиқи илмӣ баровардан лозим аст. Фаромӯш набояд кард, ки хатои гузашта сабақи оянда аст.
Бояд дониста бошем, ки татбиқи орзуву ормонҳои миллат ба зиндагии шоиста ба татбиқи воқеии ҳадафҳои давлатӣ вобастагӣ дорад. Амалишавии ин ҳадафҳо мазмуни фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ аст. Таъкид ин аст, ки мо шаҳрвандон бо такя ба заҳмати ғайратмандона ба амалӣ гардидани ин ҳадафҳо бояд мусоидат намоем. Ин аст бори масъулияти ватандӯстиро ба зимма доштан!
Дар ин ҷода дӯстию ваҳдати ҳамаи табақаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ лозим аст. Муттаҳидии мо дар атрофи Пешвои миллат, ҷонибдорӣ аз таъкиду ҳидоятҳои он, якмарому якмақсад будани аҳли ҷомеа, масъулияти шахсии ҳар яки мо нисбати ояндаи сулҳу осоиши ватан аз ҷумлаи омилҳоеанд, ки пешорӯйи он ҳеҷ гуна душвориҳо тобовар нахоҳанд буд.
Хизмати садоқатмандонаю софдилона ба давлату миллат арзиш ва мавқеест, ки онро ба ҳеҷ чизи дигар қиёс кардан номумкин аст. Дар дарозои таърих инсоният шакли ҳамагонии рушд эҷод накардааст, ки барои ҳамаи миллатҳою давлатҳо қобили қабул бошад. Мамлакатҳои гуногун бо роҳҳои хосси худ, вале бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ рушд менамоянд. Мазмун ва мундариҷаи шароити таърихӣ боиси вижагиҳои роҳи инкишофи давлатҳою миллатҳо гардидааст. Таърих борҳо исбот намудааст, ки дар эъмори давлат ва истиқлоли он такя ба қувваҳои беруна натиҷаи дилхоҳ намедиҳад.
Таърих омӯзгори ҳақгӯю сахтгир аст. Аз сабақҳои таърих мехоҳам чунин ҳақиқатеро хотирнишон кунам, ки ояндаи ҳар одам ва тақдири ӯ ба таври ҷудонопазир ба оянда ва тақдири мамлакат ва тамоми миллат вобастагӣ дорад. Агар ҳоли мамлакат ва миллат беҳ бошад, аҳволи ҳар яке аз шаҳрвандон низ дар алоҳидагӣ хуб хоҳад буд.
Ҳанӯз 30 апрели соли 2004 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намуда буданд: «Аз байни ҳама корҳои анҷомдода ва комёбиҳои бадастовардаамон дар ин давра мехоҳам оромии ҷомеа, сулҳу суботи сиёсӣ ва сарҷамъии мардумамонро махсус таъкид намоям. Сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар ҳақиқат неъмати бузург аст ва ба қадри он расидан барои ҳар як шахси бонангу номус ва худшиносу худогоҳи миллат фарз мебошад. Зеро он мақсадҳои бузурги созандагиро, ки доир ба ободии ояндаи Ватан, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқамон пеш гирифтаем, танҳо дар сурате амалӣ карда метавонем, ки ҳамаи мо, сарфи назар аз мансубияти ҳизбӣ ва мавқеи иҷтимоӣ, сулҳу оромии кишварро чун муқаддасоти миллӣ эҳтиром ва ҳифз намоем».
Имрӯз татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон амалӣ шуда истодаанд. Дар ин шароити мушкил барои пешрафти давлат ва ҷомеа шарти асоси сулҳи пойдору ваҳдати миллатҳо ва суботи дохилии мамлакат ба шумор меравад. Таҳкими системаи ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ низ зарур аст.
Кори таълиму тарбия, таҳкиму такмили ҳамаи ниҳодҳои давлатию ҷамъиятро тавре ба роҳ монем, ки онҳо бар асари ивазшавии роҳбар ё наслҳо боиси комилан дигаршавии аслҳою муқаддасоту арзишҳо нагарданд, балки онҳо таҳкиму такмил ёбанд. Андешаи таъкиди он аст, ки маҳз муҳофизат ва таҳкими истиқлол, Ваҳдати миллӣ, дӯстии шаҳрвандони Тоҷикистон, амнияту субот ояндаи неки ҳар як давлат, аз ҷумла Ватани азизи моро таъмин мекунад. Сиёсати ислоҳот ва дарҳои боз, ки он зодаи хиради волои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, кафили он аст, ки роҳи дурусти пешрафту инкишофи мамлакат интихоб шудааст.
Мамлакати ваҳдатбунёду босубот, мамлакате, ки дар он сулҳу амнияту истиқлол ба воқеият табдил ёфтаанд, шикастнопазир аст. Таъриху решаи муштарак дар ниҳоди ҳар соҳибватан эҳсоси гарми таваҷҷуҳ ба ҳамдигарро қувват мебахшад, руҳи миллат–руҳи умумӣ боиси ҳамдилӣ мегардад. Ба гуфти Мавлонои бузург «ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст». Орзуҳои ормонӣ, ҳадафҳои умумӣ, тақдири муштараку Ватани ягона ва ифтихор аз муқаддасоти миллӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳам мепайванданд ва ин пайванд омили муҳимми қавитар гардидани Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст.
Дар низоми ҷаҳони имрӯз ваҳдати назар нисбат ба равандҳои зудтағйирёбандаи муосир вуҷуд надорад. Бештар ҷонибдорӣ аз манфиатҳои миллию давлатӣ муаянкунандаи симои сиёсии давлатҳою қудратҳою созмонҳост. Ниҳодҳое, ки ба тафаккуру ҳувияти шахсият таъсиргузор ҳастанд, аз ҷониби абарқудратҳои давр мудирият мешаванд.
Таърихи гузашта, муосир ва таърихи ояндаи миллат пайванди ҳамешагӣ доранд. Миллати тоҷик аз бомдоди таърих сабақҳои талху омӯзанда бардоштааст. Агар дар ҳамаи ниҳодҳо, чи давлатию чи ҷамъиятӣ салоҳият ба масъулият мутобиқ бошад, кор осону самаранок мегардад.
Ваҳдати миллӣ ва эътидоли иҷтимоӣ имкон ба вуҷуд оваранд, ки деҳқон кишт кунаду ҳосил бардорад, корхонаҳои саноатӣ кор кунанду маҳсулот офаранд, шаҳрвандон шуғли доимӣ дошта бошанд. Ба таври дигар гӯем, оромишу осоиш ҳукмфармо бошад.
АКС аз манбаъҳои боз