СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд

Апрель 3, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 таҳти унвони «Ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат: бедории таърихӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни ҳамоиш масъалаҳои шинохти ҳувияти миллӣ ва зарурати таҳкими он дар давлатдории муосир, таносуби ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таъмини амнияти давлати миллӣ, роҳҳои самараноки тақвияти худшиносии миллӣ дар шароити тағйирёбандаи олам, бедории хотираи таърихӣ ва механизми корбурди таърихи пурифтихор дар замони муосир, бегонапарастӣ ва шинохти модернизатсияи фарҳангӣ: ренессанси миллӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ дар шароити экспансияи фарҳангӣ баррасӣ гардид.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар ҳамоиш иброз намуд, ки масъалаи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати вазъи геополитикӣ аҳамияти хосса касб мекунад. Аз ин рӯ ҳифз ва таҳкими худшиносии миллӣ яке аз омилҳои калидии таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти давлат ба ҳисоб рафта, бедории таърихӣ метавонад ҳамчун заминаи устувори рушди давлатдории миллӣ хизмат намояд. Омӯзиши амиқи таърихи миллӣ, гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ барои муқовимат ба таҳдидҳои муосир ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ низ имрӯз беш аз ҳарвақта зарур мебошад.

Гуфта шуд, ки фарҳанг омили муҳими таҳкими худогоҳӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеа буда, дар ташаккули ҳувияти миллӣ нақши калидӣ мебозад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзу рушди фарҳанги миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва анъанаҳои мардумӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангӣ барои пешгирии таъсири манфии фарҳангҳои бегона аҳамияти махсус дорад.

Изҳор шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими сиёсӣ самтҳои асосии рушди давлатро муайян намуда, масъалаи таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллиро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор медиҳад.

Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон шудани соли 2026 ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бозгӯи аҳамияти ин самт мебошад.

Дар ҷараёни ҳамоиш нақши забони тоҷикӣ, низоми маориф ва хотираи таърихӣ ҳамчун унсурҳои калидии ҳувиятсозӣ махсус арзёбӣ гардиданд. Гуфта шуд, ки танҳо бо такя ба арзишҳои миллӣ ва рушди маърифати ҷомеа метавон заминаи устувори пешрафти давлатро таъмин намуд.

Дар ин замина густариши фарҳанги миллӣ, гиромидошти анъанаҳо ва арзишҳои таърихӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, сулҳпарварӣ ва масъулиятшиносӣ ҳамчун омилҳои муҳим барои таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат амал мекунанд.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 3, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид