Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, хусусан масоили мутобиқатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба принсипҳои Париж, тақвияти ҳамкорӣ дар самти шарҳи универсалии даврӣ 3 апрел зимни вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар хусуси дастовардҳои Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ибрози назар намуда, гуфт, ки Тоҷикистон дар роҳи ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон қадамҳои устувор гузошта, пайваста санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва ҳуҷҷатҳои муҳими старатегӣ қабул менамояд.
Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски изҳор дошт, ки давом додани ҳамкории судманд мувофиқи мақсад буда, барои амалӣ ва риоя намудани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ иқдоми зарурӣ ва қобили дастгирӣ мебошад.
Дар фарҷом ҷонибҳо омодагиро оид ба ҳамкории мутақобили судманди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон қобили қабул донистанд.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид






