АЗ ТАХТИ САНГИН ТО ТАХТИ ҶАМШЕД. Ё ҳақиқате чанд атрофи хазинаи шукуҳманди Амударё

Июль 22, 2023 16:34

ДУШАНБЕ, 22.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар байни доманаҳои қаторкӯҳҳои баланду устувори Бадахшон ва Ҳиндукуш гаҳвораи яке аз куҳантарин фарҳанги ҷаҳон қарор дорад. Ба андешаи аксари пажуҳандагони оини Маздаясно, хостгоҳи нахустин навиштаҳои Зардушт сарзамини кунунии Тоҷикистон ва қисмате аз Бохтари қадим будааст. Ва ба андешаи бархеи дигар, Зардушт дар маконе наздик ба шаҳри имрӯзаи Балх дида ба ҷаҳони ҳастӣ кушодааст. Ҳарчанд дар бораи зодгоҳи ӯ пажуҳишгарон дидгоҳи яксон надоранд. Чунин нигоштааст зимни пешниҳоди мақола ба АМИТ «Ховар» рӯзноманигор Масрур Меликзода.

-Тамаддуни Амударё бештар аз 4 ҳазор соли пеш бар каронаҳои ин рӯд реша давонид. Ва оҳиста-оҳиста густураи паҳноваре аз кишварҳои имрӯзаи Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Эронро дар бар гирифт. Дар асри биринҷ мардумони ин сарзамин бо тиҷорати сангҳои гаронарзиш, бахусус лоҷвард ва фулузоти қалъагӣ ба муваффақияти чашмгире даст ёфтанд. Ва тавонистанд тавассути ин доду ситад дониш, фановарӣ ва дороиҳои худро афзун намоянд.

Заргарон дар муддати зиёд коркарди рӯи мисро омӯхтанд, ки бо омезиши андак фулузоти қалъагӣ метавонистанд ба металле даст ёбанд, ки устувор ва ҷилобахштар аз мис бошад. Биринҷ барои сохтани ҷангафзор то абзори кишоварзӣ ба кор меомад. Ва нақши барҷастаеро дар пешрафти тамаддунҳо ба иҷро расонид. Лоҷвардҳои нилгуни Бадахшон дар Тоҷикистони кунунӣ аз Ироқи имрӯза то сарзамини Миср зиннатбахши гавҳару қасру кӯшки ҷаҳони бостон буданд. Сангҳои қиматбаҳо аз роҳҳои кунунӣ ба баҳри Миёназамин ва сипас ба ҳудудҳои Аврупо мерасиданд.

Дар пайи шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён шаҳрнишинони паҳнои Вахш ё Амударё ба сатрапҳои Бохтриш, Моркуш ва Суғд ҷудо гашта буданд. Виштосп, падари Дориуши якум ҳангоми салтанати Куруши Кабир ва Камбуҷия сарвари вилоят ё фармондори Бохтриш шинохта мешуд. Зориёасбо низ пойтахтнишини ин сатрап буд, ки имрӯз онро Балх мехонем.

Пас аз чирагии Искандар ба Дориёуши севум фармонравоии сартосарии марзҳои Ҳахоманишиён ба дасти юнониён ва мақдуниҳо афтод. Бад-ин сон бистаре фароҳам шуд, то фарҳанги ин мардум дар бештаре аз шаҳрҳои ин императорӣ густариш ёбад.

Аз ин пас дар марзбандиҳои юнониён сатрапҳои Бохтриш ва Суғд бо ҳам пайвастанд. Дар девонсолории навин онҳо бо номҳои Ботриё ва Суғдиё ёд шудаанд.

Искандарияи Амударё яке аз он шаҳрҳоест, ки дар аҳди фармонравоии Искандар таҳкурсияш бунёд шудааст. Имрӯз ин ҷо Ойхонум номида мешавад, ки дар дурдастҳои 230-километрии Балх қарор гирифтааст. Пас аз қарнҳои фаромӯшӣ, дар асри 20 вайронаҳои Ойхонум бо дасти Сарвар Ношир — яке аз хонҳои Қундуз ёфт гардид. Сипас бостоншиносони фаронсавӣ онро таҳқиқ карданд.

Бо марги Искандар дар соли 323-и пеш аз мелод императории Мақдунӣ ба чанд қисмат пора ва байни сардорони ӯ тақсим гардид. Дере нагузашта, Диё Дитус, фармондори Суғду Бохтар низ аз селевкиён истиқлолияти худро эълон дошт ва давлати юнонии Балхро бунёд ниҳод. Марзҳои давлати мазкур дар байни солҳои 180-уми пеш аз мелод ба авҷи густардагӣ расид. Дар ин давра омезиш ёфтани фарҳанги Юнон бо оинҳои куҳане, чун Зардушту Ҳинду Буддо сабаби офариниши ҷилваҳои тозае аз ҳунар гашт, ки имрӯз бештаре аз ин дастовардҳо дар осорхонаҳои ҷаҳон маҳфуз мебошанд.

Тахти сангин бозмондае аст аз шаҳри бостонӣ, ки дар пайвандгоҳи рӯди Вахш ва Панҷ қарор дорад. Мардуми таҳҷоӣ ба сарчашмаҳои ин рӯди хурӯшон арҷ мегузоштанд ва аз ин рў ниёишгоҳе барои эзадрӯди Вахш дар ин шаҳр бунёд ниҳоданд. Меъмории ниёишгоҳи Вахш омехтае аст аз оташкадаи зардуштӣ ва парастишгоҳи юнонӣ, ки 2300-2500 сол пеш сохта шудааст. Пойгоҳи бостонӣ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон, дар фосилаи 600 метр аз марзи Афғонистон қарор дорад.

ДАР АКС: нигораҳои аз Тахти Сангин, ки бештар ҳамчун «Хазинаи Амударё» ё «Ҷавоҳироти Окс» маълум аст.

Ин ҷойгоҳ дуртар, дар фосилаи 40-километрии тахти Сангин қарор дорад. Аммо дар он рӯзгор ин пойгоҳи бостонӣ ҳанӯз ошкор нагашта буд. Тибқи қиссаҳои мардуми ноҳияи Қубодиён, ганҷина ончунон пароканда буд, ки онҳо дар мавсими камбориш дар байни гилу лойи рўд ба думболи сиккаҳои заррин мегаштанд.

Соли 1877 гурӯҳе аз бозаргонони ҳиндӣ бахши бузурге аз ин ганҷинаро аз тоҷирони гуногуни Бухоро харидорӣ карданд. Онҳо дар андешае буданд, то чунин осори гаронбаҳоро бо қимати баланде ба заргарони Ҳиндустон савдо кунанд. Барои напардохтани молиёти марзӣ ганҷинаро дар дохили хурҷини аспу шутур пинҳон карда, бо роҳи Афғонистон ба Ҳиндустон равона шуданд. Дар байни роҳ бо шабехуни роҳзанон теъдоде аз бозаргонон кушта ва тамоми ганҷина рабуда шуд. Соҳибони мол барои додхоҳӣ ба назди Сарвон Бертон- намояндаи сиёсии қароргоҳи низомии Британия дар Кобул омаданд. Бо пайгирии Бертон ва талошҳои зиёде роҳзанон ба даст афтоданд, аммо бештар аз зеварҳои ганҷина дар махфигоҳашон дарёфт нашуд. Сарвон Бертон яке аз намунаҳои осори ин ганҷинаро аз бозаргонон харида гирифт ва ба Ҳиндустон, ба яке аз бостоншиносони маъруфи англис сер Конинг Ҳон фиристод. Ӯ дар байни солҳои 1861-1865 ба ҳайси сарпарасти нақшабардории ковишҳои бостоншиносӣ дар қаламрави Ҳинд маъруф буд. Ӯ бо ҳамроҳии ёвари бахши осори бостонии осорхонаи Британияи Кабир Серг Огустус Волостун ба қароре омаданд, то тамоми маҷмуаро ҷамъоварӣ ва харидорӣ намоянд. Ду нафар бо кумаки бозаргонони ҳиндӣ дар муддати чандин сол тавонистанд шуморе аз ин осори гаронбаҳоро пинҳонӣ ба Ҳиндустон интиқол диҳанд. Волостун пас аз бозгашт аз Ҳиндустон саҳми Конинг Ҳонро харидор шуд. Ва ин осорро бо номи “Хазинаи Амударё” дар маҷмуаи хеш нигаҳ дошт. Ӯ пеш аз маргаш васият кард, то тамоми осоре, ки гирд овардааст, ба ихтиёри осорхонаи Британияи Кабир гузарад. Бад- ин сон ганҷинаи Вахш соли 1897 ба осорхонаи мазкур эҳдо гардид. Ин маҷмуа 200 сикка- 182 порчаро дар бар мегирад, ки алҳол дар бахши “Ориён бостон”-и Осорхонаи Британия маҳфуз аст.

Ибтидои асри 20-ум огаҳӣ ва фанновариҳои мо барои шинохти тамаддунҳои пешин андаке буд. Аз ин рӯ коршиносони осорхона хулосаи равшане аз антиқӣ будани ин осор надоштанд. Аммо оҳиста-оҳиста, аз нимаи аввали ин қарн бозёфтҳои бостоншиносӣ чун шикастапораҳои як кӯза ба ҳам пайванд шуд ва чашмандози ғуборолуд гузаштаи моро ошкор сохт.

Соли 1931 нахустин ковишҳои бостоншиносӣ дар Тахти Ҷамшед бо роҳбарии Эрнест Эмивелст оғоз ёфтанд. Бозёфтҳои ӯ равшан сохт, ки ин ҷо на боргоҳи Ҷамшед аз “Шоҳнома”, балки пойтахти оинии подшоҳони Ҳахоманишӣ будааст. Бештаре аз осори ин ганҷина бо нақшҳои коркардшуда дар пайкараву сангнигораҳои кохҳои ин шоҳаншоҳӣ шабоҳати фаровоне дорад. Ин далел равшан месохт, ки дар байни ганҷинаи Вахш ва тахти Ҷамшед пайванде барқарор аст. Аз тарафи дигар, озмоишҳои навини бостоншиносӣ баён медоштанд, ки таърихи ин осор ба садаҳои 4-ум ва 5-уми пеш аз мелод бозмегардад.

Агар дар ёд дошта бошед, наздиктарин пойгоҳҳои бостонии ёфтшуда аз қаламраве, ки чунин осор падид омадааст, ниёишгоҳи тахти Сангин ва шаҳри бостонии Ойхонум аст, ки дар байни садаҳои дуюм ва сеюми пеш аз мелод бунёд шудаанд. Бинобар ин осори ганҷинаи Вахш 100 то 200 сол аз таъсиси шаҳрҳои мазкур куҳантар аст. Дар байни тамоми осори ин хазина танҳо як вожа бо забони суғдӣ дар рӯи ангуштарине, ки бо нигораи шери болдор ороста шудааст, дида мешавад. Он вожаи Вахш- номи куҳани Амударё аст.

Бештаре аз пажуҳишгарон бар он андеша мебошанд, ки ганҷинаи Вахш бахши кучаке аз дороиҳои як оташкада ё ниёишгоҳи Зардуштӣ аст. Аммо то ҳанӯз ҷойгоҳе, ки ин осор ба он нисбат дода шавад, пайдо нашудааст. Танҳо мо медонем, ки Хазинаи Амударё дар наздикии ноҳияи Қубодиён аз бистари рӯдхона падид омадааст.

Бештариҳо ҳадс мезананд, ки пас аз кушта шудани Дориюши севум бо дасти бародарзодааш Ардашер, фармондори Бохтриш ё худ Бохтар рӯёрӯи шоҳи хиёнаткор бо Искандари Мақдунӣ ногузир менамуд. Аз тарафи дигар, хабари ба оташу вайрона табдил додани қасру кӯшки мардуми ориёӣ мӯбадони Вахшро бар он водошт, ки дороиҳои гаронарзиши ниёишгоҳро аз бими ғорати аҷнабиён ҷое пинҳон намоянд.

Аммо бо гузашти айём такопӯи маҷрои об сабаби шуста шудани гилу лойи поини хок гардид ва ин осор ба рӯи замин омада расид. Ба андешаи бархе аз бостоншиносон, ниёишгоҳи Тахти Сангин, ки дар 40-километрии маҳаллӣ падид омадааст, ҳангоми давлати Юнону Бохтар аз нав бозсозӣ шудааст. Метавонист, ки дар аҳди Ҳахоманишиён низ ин ҷойгоҳ як оташкада ё парастишгоҳ бошад. Аз ин рӯ, онҳо андеша доранд, ки Хазинаи Амударё ба дасти касе аз ниёишгоҳ ба болодасти рустои Қубодиён бурда шуда ва пинҳон карда шудааст. Ҳарчанд ки дар дидгоҳи дигаре Тахти Қубод хостгоҳи ин ганҷина баён мешавад. Ин ҷойгоҳ бозмондаи арке аст бо паҳноии 1000 метри мураббаъ, ки дар каронаи фарозии дарё бунёд шудааст.

Пайкараҳои зарин ва симини ганҷина бозтобдиҳандаи ҳунар ва дониши филизкорӣ дар давраи Ҳахоманишиён мебошанд. Тандисҳои дугонаи мубадон пӯшиши коҳинони воломақомро дар рӯсори зарин бо резакории тамом ба намоиш кашидаанд. Ду пайкараи симини ин маҷмуа ба шеваи обкорӣ бо рӯкаше аз тилло ороста шудаанд. Бараҳнагии яке аз тандисҳо барои пажуҳандагони давраи Ҳахоманишиён пурсиши бузурге аст. Чаро, кӣ ин намоди фарҳанг ва осори даврони Ҳахоманишиён як падидаи камёб шинохта мешавад. Пайкараи дигар низ мардеро бо либосҳои дарбори Ҳахоманишиён нишон медиҳад, ки дар ҳолати ба ҷо овардани оини динӣ аст.

ДАР АКС: нигораҳои аз Тахти Сангин, ки бештар ҳамчун «Хазинаи Амударё» ё «Ҷавоҳироти Окс» маълум аст.

Куҳантарин осори маъруф дар ганҷинаи Вахш ғилофи зарини шамшере аст, ки бо кумаки равзанаҳои кучаке бар рўи чарм дўхта мешуд. Нақши шикори шер дар ин осор ёдовари сангнигораҳои куҳани Ошӯрӣ аст. Шамшерҳои кӯтоҳи даврони Ҳахоманишиён акинак хонда мешуданд. Решаи сохти чунин шамшер ба сарзамини суғдиён бозмегардад ва дар бисёре аз сангнигораҳои ориёӣ нақш бастаанд.

Дар маҷмуа шуморе аз муҳрҳое вуҷуд дорад, ки нигораҳои онҳо баёнгари бартарии Ҳахоманишиён бар рақибон мебошанд. Муҳрҳои сутунмонанд навоварии мардуми Вароруди қадим буда, ки аз 5500 соли пеш аз онҳо баҳра меҷустанд. Муҳрҳо рисолати гуногуне доштанд, аммо бо чархондани онҳо бар ҳар хишти хоме нерумандӣ ва ғолибияти подшоҳ барои бинандагон ёдоварӣ мегашт. Пиёла ва ҷомҳои ганҷинаи Вахш шабоҳати фаровоне бо сангнигораҳои кохҳои ориёӣ доранд.

Ба андешаи коршиносон, ин осор бо сабаби паҳноие, ки дар баданаи онҳо дида мешавад, корбурди ҳамарӯзаро доро будаанд. Ҳамзамон гузоришҳои Ксенофан равшан мекунанд, ки дар дарбори Ҳахоманишиён барои хӯрдану ошомидан аз ҷомҳои зарин баҳра меҷустанд. Яке аз зеботарин дастсохти ганҷина равғандон ваё нӯшдоне аст, ки баданааш чун моҳӣ ороста шудааст.

Пулакчаҳои зарини шоҳмоҳӣ бозтобдиҳандаи ҳунари чирадастоне аст, ки бештар аз 2 ҳазору 400 сол пештар андешаву дониши худро барои мо ба ёдгор гузоштаанд. Гардунаи Вахш дар ин ганҷ чун хуршед медурахшад. Ин осор дастоварде аст аз зарри ноб ва каме беш аз 75 грамм вазн дорад. Офариниши ин ҷангафзор чархҳои бузург дар набардҳо падид овард ва ба намоди нерумандӣ ва чирагӣ бадал гашт. Ҳахоманишиён низ чун дигар подшоҳони ҷаҳони бостон дар бештаре аз нигораҳо бо чунин ҷангафзор дида мешаванд.

Чашмнавозтарин осори ганҷина ду бозубанди зарин аст, ки бо сарҳои шерони шохдор ороста шудаанд. Ба гумони фаровон, ин бозубандҳо ҳангоми сохт бо сангҳои гаронбаҳо низ зиннат ёфта буданд. Аммо акнун баданаи зарини онҳо барҷой мондааст. Барои офаридани чунин осор рехтагарон бо кор кардани чандин қолаб баданаи онро омода сохта, сипас бо кумаки ҷушкории тилло тиккаҳоро бо ҳам пайванд додаанд. Бар асоси гузоришҳои Ксенофан, ин гуна аз бозубандҳо яке аз боарзиштарин пешкашҳои дарбори Ҳахоманишиён шинохта мешуданд.

Имрӯз теъдоди бисёру андаке аз ин шоҳкориҳои ҳунар дар осорхонаҳои ҷаҳон нигаҳдорӣ мешаванд. Ганҷинаи Вахш гувоҳи равшане аст, ки ниёгони сарзамини модарии мо аз Тахти Сангин то Тахти Ҷамшед ва чун имрӯз аз Шероз то Тоҷикистону Бухоро дорои пайвандҳои фарҳангии бешуморе ҳастанд. Ҳарчанд ки марзҳои мо дар гузаштаҳои таърих аз ҳам ҷудо шуданд, аммо ёди бузургиҳои пешин сабаб шуд, ки мо дубора ба ҳам омадем.

Масрур МЕЛИКЗОДА,
рӯзноманигор

АКС аз манбаъҳои боз

 

Июль 22, 2023 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид