Барои иштирок дар Форуми ҷавонони Раёсати СММ роҷеъ ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ озмун эълон мешавад

Июль 21, 2023 16:30

ДУШАНБЕ, 21.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Форуми ҷавонони Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид роҷеъ ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) озмун эълон менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур.

Дар ҳошияи иҷлосияи навбатии Комиссияи маводи мухаддир Форуми ҷавонони Раёсати СММ роҷеъ ба маводи мухаддир ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамасола барои ҷавонони фаъол ва ташаббускор, пешбарандаи масъалаҳои марбут ба ҷилавгирӣ аз нашъамандӣ, амнияти ҷомеа ва рушди ҷавонон баргузор мешавад. Вобаста ба ин Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ даври қабули номзадҳоро барои Форуми ҷавонон дар соли 2024 эълон намудааст.

Хоҳишмандон (аз 14 то 23-сола) метавонанд маълумоти худро (маълумотнома ва шиноснома) барои иштирок дар чорабинии мазкур то 20 августи соли равон ба суроғаи mehrobhusain@yahoo.com ирсол намоянд. Хароҷоти пурраи сафар аз ҷониби даъваткунанда пардохт  мешавад.

Забони кории ҳамоиш англисӣ буда, бе тарҷума мегузарад. Аз ин лиҳоз ҳамаи номзадҳои пешниҳодшаванда бояд забони англисиро дар сатҳи хуби корӣ донанд, то дар мубоҳисаҳои иҷлосия иштирок карда тавонанд.

​Баргузории ҳамоиш моҳи марти соли 2024 дар шаҳри Венаи Австрия дар назар аст.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Июль 21, 2023 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд