Бо ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти ташкилоти «Pamir Daily News» дар ҳудуди ҷумҳурӣ манъ гардид

Июль 20, 2023 12:02

ДУШАНБЕ, 20.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2023 аризаи даъвогии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шуда, ташкилоти «Памир дейли нюс»   («Pamir Daily News»)  ё  «Памир нюс» (“Pamir News») ташкилоти экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.  

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳамзамон фаъолияти сомонаҳои интернетии ташкилоти мазкур дар ҳудуди мамлакат манъ гардидааст.

Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳар шакл ҳамкорӣ намудан бо ин ташкилоти экстремистӣ ва роҳбарону аъзояш ғайриқонунӣ буда, анҷом додани амалҳои мушаххас ба манфиати онҳо сабаби ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 20, 2023 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд