«БОМИ ҶАҲОН». Дар Хоруғ Фестивали 16-уми байналмилалии мусиқӣ доир мешавад

Июль 18, 2023 09:31

ДУШАНБЕ, 18.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 22-23  июл дар Боғи марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фестивали 16-уми байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳии «Боми ҷаҳон» баргузор мегардад. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба директори фестивал хабар медиҳад.

Дар фестивал зиёда аз 35 нафар ҳунармандони боистеъдод аз Тоҷикистон ва хориҷи мамлакат иштирок  мекунанд.

Интизор меравад, ки давоми ду рӯз  беш аз 4000 нафар тамошобинон фестивалро тамошо намоянд.

Директори фестивал баён дошт, ки ҳадаф аз ин намоиши зебои фарҳангии Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон тарғиби ҳамдигарфаҳмӣ, гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ тавассути баёни шаклҳои гуногуни санъат ва мероси фарҳангӣ мебошад. Он ҳамчунин ба тарғиби арзишҳои инсонию ҳамзистии осоишта дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва рушди сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Фестивал  ба  ҳифзи муҳити зист, гуногунии биологӣ ва  баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум бо мақсади коҳиш додани таъсири гармшавии глобалӣ мусоидат мекунад. Дар доираи фестивал инчунин намоишгоҳҳои ҳунарӣ ва хӯрокҳои миллӣ пешкаши иштирокдорон мегарданд.

Дар доираи фестивал аз ҷониби  мусиқидонони касбӣ барои донишҷӯён, ҳунармандон, дӯстдорони мусиқии маҳаллӣ ва хориҷӣ дарсҳои маҳорат (мастер-класс) гузаронида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали 15-уми байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳии «Боми ҷаҳон» аз 19 то 21 августи соли 2022 дар Боғи марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон    доир гардида буд.

 

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 18, 2023 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид