Дар Чин ҳангоми фурӯ рафтани шифти мактаб нуҳ нафар ҳалок шуданд
ДУШАНБЕ, 24.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Фурӯ рафтани шифт дар бинои варзишӣ дар ҳудуди мактаби таҳсилоти миёнаи шаҳри Ситсикари музофоти Ҳэйлунҷзяни шимолу шарқи Ҷумҳурии Мардумии Чин сабаби ҳалокати 9 нафар шуда, ду нафари дигар зери харобаҳо мондаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи душанбе Телевизиони марказии Чин хабар додааст.
Қаблан шабакаи телевизионӣ хабар дода буд, ки рӯзи якшанбе, соати 16:00 ба вақти Пекин дар яке аз муассисаҳои таълимии ин шаҳр шифт фурӯ рафт. Дар натиҷа қариб 10 нафар зери харобаҳо мондаанд.
Маълум мешавад, ки ду нафари дигар то ҳол бедарак ҳисобида мешаванд. Мақомот амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотро идома медиҳанд.
Тибқи маълумоти пешакии тафтишот, шифти бинои варзишӣ бар асари вайрон намудани қоидаҳои таъмир осеб дидааст. Баъдан боронҳо сабаби фурӯравии он гардидаанд.
Кормандони полис масъулони ширкатро, ки корҳои таъмириро анҷом додаанд, боздошт карданд. Тафтиши кор идома дорад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






