Дар деҳаи Рожи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон мушкилоти оби полезӣ бартараф гардид

Июль 17, 2023 18:59

ДУШАНБЕ, 17.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Рожи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон канали обёрикунӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.

Лоиҳаи сохтмони канали обёрикунӣ дар деҳаи мазкур дар доираи Барномаи ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) бунёд гардидааст.

Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, корҳои сохтмонӣ моҳи апрели имсол оғоз гардиданд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур қубури обгузари полиэтилении қутри 315 мм дар масофаи 1800 метр гузаронида шуда, дар натиҷа таъминоти оби полезӣ дар 4 деҳаи зерҳадафи лоиҳа беҳтар гардид.

Ёдовар мешавем, ки  23 январи соли равон дар шаҳри Душанбе созишномаи лоиҳаи сохтмони канали обёрикунӣ дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон дар доираи Барномаи ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) ба имзо расид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон

 

Июль 17, 2023 18:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд