Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид

Июль 15, 2023 09:35

ДУШАНБЕ, 15.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор таҳти раисии муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён баргузор гардид, ки дар он якчанд масъалаи муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа муовини раиси Шӯро, аъзои Шӯро – намояндагони раёсатҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, инчунин аъзои котиботи Шӯро ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Раиси Шӯро – муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бандҳои қарори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор ва роҳҳои таъмини иҷрои «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025» сухан гуфт.

Дар ҷаласа ҳисоботи муовинони раисони шаҳри Душанбе ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар хусуси таъмини иҷрои талаботи «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» шунида шуд.

Ҳамчунин оид ба «Татбиқи муқаррароти Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар самти пешгирии нашъамандӣ дар байни ноболиғон» муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ маълумот дод.

Дар натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои дар рӯзнома пешбинигардида ба вазорату идораҳои дахлдор тавсияҳо дода шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таъмин ва иҷро намудани талаботи «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, назорати қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин пешгирии нашъамандӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуда, дар коҳиши сатҳи нашъамандӣ саҳми арзанда гузоранд.

Ҳамзамон доир ба масъалаҳои муҳокимагардидаи рӯзнома ва фаъолияти минбаъдаи Шӯро қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 15, 2023 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед