Дар Душанбе Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон баргузор мегардад

Июль 27, 2023 13:50

ДУШАНБЕ, 27.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе аз 31 июл то 4 август Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ ва аз 6  то 11 август мусобиқаи «Силсилаи байналмилалии Тоҷикистон» байни наврасону ҷавонон ва калонсолон оид ба бадминтон баргузор мегардад, хабар медиҳад Федератсияи бадминтони Тоҷикистон.

Дар Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ иштироки варзишгарон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон дар назар дошта шудааст.

Дар мусобиқаи «Силсилаи байналмилалии Тоҷикистон», ки барои гирифтани холҳои зарурӣ ва роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж-2024  мусоидат менамояд, варзишгарон аз 32 давлати ҷаҳон  барои иштирок дархост пешниҳод намудаанд.

Макони баргузории мусобиқа «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе интихоб шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 27, 2023 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад