Дар машқгоҳи низомии «Фахробод» машғулияти методӣ-таълимӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойгоҳи машқгоҳи низомии «Фахробод»-и вилояти Хатлон бо ҷалби ҳайати роҳбарикунандаи вазорати мудофиа, фармондеҳони қӯшунҳои алоҳида, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва командирони қисмҳои низомӣ машғулияти методӣ-таълимӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Масъулини машғулият дар доираи дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани қудрати дифоии мамлакат, ҳадафу моҳият ва ташкилу баргузор намудани ҷамъомади мазкур сухан гуфта, баҳри амалан ба роҳ мондани ин чорабинии муҳими низомӣ нуқтаҳои гуногуни таълимии намунавиро барои омӯзиши иштирокчиён муҳайё намуда буданд.
Ба ҳар дарсу ҷамъомад роҳбарони масъул вобаста гардида, таълимоти назариявии онҳо дар синфхонаҳои таълимӣ бо омӯзиши фанҳои гуногуни муосири ҳарбӣ ва дигар мавзуоте, ки ба нақшаи машғулият марбут мебошанд, ба роҳ монда шуд.
Дар ҷараёни баргузории машғулияти методӣ-таълимӣ маҳорату малакаи иштирокчиёни ин чорабинии низомӣ аз тайёрии ҷисмонӣ, тирпарронӣ аз туфангу автомат ва дигар силоҳу муҳиммоти ҷангӣ мавриди санҷиш қарор гирифт.
Зимни баргузории машғулияти методӣ-таълимӣ аз тарафи афсарону сарбозони як ҷузъи Бригадаи ҳамлаовари десантӣ-зарбавӣ барои иштирокчиёни ин чорабинии низомӣ машқҳои ротавӣ-тактикӣ низ намоиш дода шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки чунин машғулияти методӣ-таълимӣ дар як сол ду маротиба ва пеш аз давраҳои таҳсили навбатӣ дар Артиши миллӣ гузаронида шуда, ҳадафи баргузории он дар амал нишон додани роҳу усулҳои нави омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, ташаккул додани назару муносибати ягона ба масоили омодагии ҷангӣ, ташкили хидмати дохилии қӯшунҳо, мувофиқ намудани ҳудуди шаҳракҳои ҳарбӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар мавзеъҳои таълимии афсарону сарбозон ба талаботи оинномаҳои ҳарбӣ мебошад.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






