Дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 08.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 7 июл дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар маросими мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Саттороён, муовини Вазири фарҳанги Федератсияи Русия Надежда Преподобная, роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони корпуси дипломатӣ ва аҳли фарҳангу ҳунар иштирок намуданд.
Нахуст муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ташрифи меҳмононро ба ҷумҳурӣ хайрамақдам гуфта, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Русияро дар Тоҷикистон падидаи фараҳбахши фарҳангӣ арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон муовини Вазири фарҳанги Федератсияи Русия Надежда Преподобная барои истиқболу пазироии гарму самимона ва меҳмоннавозии хоси тоҷикона ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ баён кард.
Сипас дар фазои тантанавӣ барномаи ҷолиби ҳунарии пианинанавози машҳур, Ҳунарманди халқии Русия Денис Матсуев манзури аҳли нишаст гардид.
Ҳунарманд бо маҳорати баланди эҷодӣ оҳангҳои классикӣ ва ҷазро дар сози пианино пешкаши аҳли фарҳангу ҳунари мамлакат гардонид, ки ҳозирин бо кафкӯбиҳои бардавом баромади ҳунармандро истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, рӯзи 9 июл соати 18.00 дар Театри давлатии Академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ барномаи ҳунарии Ансамбли давлатии академии рақси халқии «Налмэс» –и Ҷумҳурии Адигея баргузор мегардад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон











«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик






