Дар шаҳри Гулистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 24 июл дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар медиҳад.
Ҷиҳати иҷрои амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 509 нафар иштирок намуда, 66 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» беш аз 200 нафар довталаб иштирок намуда, 61 нафар ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.
Инчунин дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» 60 нафар иштирок намуда, 10 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Ба ғолибоне, ки ба даври вилоятии озмунҳои мазкур роҳ ёфтаанд ва ба роҳбарони онҳо дастур дода шуд, ки бо омодагии ҷиддӣ дар даври вилоятӣ иштирок карда, соҳиби зинаҳои ифтихорӣ гарданд.
Дар вазъи тантанавӣ ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои пулӣ, ба омӯзгороне, ки шогирдонашон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, сипосномаю туҳфаҳои пулӣ ва ба иштирокчиёни фаъол ва волидайне, ки дар тарбия ва муваффақияти фарзандонашон саҳм гузоштаанд, сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон








Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд






