Дар Тоҷикистон сохтмони 6 иншооти озмоишӣ ва марказҳои таъминоти бехатарии молу маҳсулот идома дорад
ДУШАНБЕ, 28.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва ташхису назорати он аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 иншооти озмоишӣ ва марказҳои таъминоти бехатарии молу маҳсулот бунёд мешаванд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
«Аз ҷумла, Кумита сохтмони биноҳои Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии санҷиши сифати маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон, марказҳои таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Конибодом, ноҳияҳои Мурғоб, Кӯшониён, Файзобод ва Фархорро ба нақша гирифтааст. Дар айни замон кор дар ин иншоот бо маром идома дошта, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода дода мешаванд», -гуфт раиси Кумита.
Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки барои вайрон намудани қоидаҳои байторию фитосанитарӣ ҳангоми воридоти борҳо дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба 72 нафар соҳибкорон санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, маблағи ҷаримаи татбиқшуда дар ҳаҷми 114 ҳазору 608 сомонӣ пурра ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ворид гардид.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






