Дар Узбекистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад

Июль 7, 2023 20:04

ДУШАНБЕ, 07.07.2023 /АМИТ «Ховар» /. 9 июли соли 2023 дар Узбекистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар  Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар асоси қарори Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Узбекистон дар назди Сафорат қитъаи интихоботии № 42 ташкил карда шудааст, ки марбут ба  ҳавзаи интихоботии Тошканд № 14 оид ба интихоботи президенти Узбекистон мебошад. Китъаи интихоботӣ дар  суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи  Саноӣ, хонаи№30 воқеъ гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, ба манзури таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони Узбекистон комиссияи интихоботии ҳавзаи интихоботии рақами 42 дар шаҳрҳои Турсунзода, Бохтар, Ваҳдат, Хуҷанд ва Истаравшан раъйдиҳии пеш аз мӯҳлат баргузор кардааст. Бояд тазаккур дод, ки ҷараёни баргузории интихоботи президентиро дар Узбекистон  дар радифи  беш аз 700 нозирони байналмилалӣ 12 нозири тоҷик низ мушоҳида мекунанд.

Инчунин ҷараёни баргузории интихоботи президентиро дар ин давлат  беш аз 1200 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва мустақили маҳаллӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос менамоянд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 7, 2023 20:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд