Хазинаи байналмилалии асъор то 3% коҳиш ёфтани рушди иқтисоди ҷаҳонро дар солҳои 2023 ва 2024 пешбинӣ менамояд

Июль 26, 2023 16:02

ДУШАНБЕ, 26.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи пешгӯиҳо, рушди иқтисоди ҷаҳонӣ аз 3,5% дар соли 2022 то 3% дар солҳои 2023 ва 2024 коҳиш хоҳад ёфт, дар ҳоле ки рушди иқтисодиЧин соли 2023  5,2% ва соли 2024 4,5% бетағйир боқӣ хоҳад монд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус 25 июл Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хабар додааст.

Интизор меравад, ки сатҳи умумии таварруми ҷаҳонӣ аз 8,7% дар соли 2022 то 6,8% дар соли 2023 ва то 5,2% дар соли 2024 коҳиш ёбад. Коҳиши мунтазами таварруми асосӣ пешбинӣ шуда, пешгӯиҳои таваррум барои соли 2024 ба самти афзоиш дида баромада шудаанд.

Дар гузориш ишора шудааст, ки барои давлатҳои дорои иқтисоди пешрафта коҳиши пешбинишудаи рушд барои соли 2023 назаррас боқӣ мемонад — аз 2,7% дар соли 2022 то 1,5% дар соли 2023.

Тибқи пешгӯиҳо, дар 93% давлатҳои пешрафта соли 2023 он рушди пасттар хоҳад дошт ва соли 2024 ин нишондиҳанда дар сатҳи 1,4% боқӣ хоҳад монд.

Дар ИМА низ пешгӯӣ шудааст, ки рушди иқтисодӣ аз 2,1% дар соли 2022 то 1,8% дар соли 2023 коҳиш ёбад. Соли 2024 ин рақам то 1,0% коҳиш меёбад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ  «Ховар»

АКС:  «Синхуа»

Июль 26, 2023 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5981 то 9.6300 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст