Иҷрои босифат ва саривақтии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ равона шудааст
ДУШАНБЕ, 31.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» аз худ намудани 11 ҳазору 321 гектар заминҳои нави обёришаванда ва барқарор намудани 5 ҳазору 580 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба нақша гирифта шудааст. Аз замони қабул гардидани Барномаи давлатӣ то имрӯз 1478 гектар замин аз худ карда шудааст, ки 13 фоиз ва 2531 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор шуданд, ки 45 фоизи нақшаро ташкил медиҳанд. Чунин иттилоъ дод Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода изҳор намуд, ки агарчӣ ба ҳолати шашмоҳаи аввали соли равон азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ҳамагӣ 13 фоизро ташкил дод, давоми панҷ сол ҳамаи нақшаҳои дар доираи Барномаи давлатӣ нишондода пурра иҷро мешаванд.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки яке аз мушкилоти соҳа аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзӣ сари вақт ва пурра пардохт нашудани хароҷоти хизматрасонӣ мебошад. Ин дар ҳоле аст, ки идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ уҳдадориҳои шартномавии худро ҷиҳати таъмин намудани истифодабарандагон бо об пурра иҷро намудаанд. Чунин ҳолат боиси афзоиш ёфтани ҳаҷми қарзҳо мегардад. Ба ҳолати имрӯз бақияи қарздорӣ аз ҳисоби пардохт нашудани хизмати обрасонӣ, бо дарназардошти солҳои пеш 168,3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Яке аз сабабҳои дигари афзоиш ёфтани қарздории идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ паст будани тарифи хизмати обрасонӣ ва баръакс, пайваста баланд гардидани тарофаи неруи барқ мебошад.
Хотиррасон бояд шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 марти соли равон Қарори Ҳукумати мамлакат дар бораи табдирҳои солимгардонии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки мувофиқи он аз ҳисоби маблағҳои депозитии Ҳукумати мамлакат ба Агентии бехдошти замин ва обёрӣ барои танзими уҳдадориҳои молиявӣ дар назди ҶСК «Барқи тоҷик» 467,2 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Ба ибораи дигар, қарзҳои Агентӣ дар назди ҶСК «Барқи тоҷик» бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат дар ҳаҷми 467, 2 миллион сомонӣ пардохт шуд.
Дар айни ҳол барои дастгирии соҳаи обёрӣ аз ҷониби Агентӣ се лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 135,3 миллион доллари ИМА мавриди татбиқ қарор дорад, ки ба таъмиру барқарор намудани иншооти обёрӣ ва инфрасохтори он равона шуда, сабаби баланд гардидани сатҳи зиндагӣ мегардад.
А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






