Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2023 эълон намуд

Июль 25, 2023 10:33

ДУШАНБЕ, 25.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25 июл натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 эълон карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот аз соати 00:00-и 25 июл ба рақами телефони мобилие, ки онро довталабон дар вақти бақайдгирӣ нишон медиҳанд, паёмак (SMS) фиристода шуд ва довталабон аз он дар бораи комёб гардидан ё нагардидан аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон огоҳ шуданд. Ин паёмаки телефонӣ (SMS) ба довталабон ройгон фиристода шуд, инчунин довталабон метавонанд аз кабинети инфиродӣ ё бо муроҷиат (аз ҷумла тавассути телефон) ба Марказ ва бахшҳои минтақавии он аз натиҷаи тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ бори дигар огоҳ шаванд.

Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот дар кабинети инфиродии ҳар довталаб гузошта мешавад. Агар дар бахши «Натиҷаи тақсимот»-и кабинети инфиродии довталаб матни «Шумо аз рӯи интихоби № n гузаштед!» дарҷ гардида бошад (ранги пасманзари он сабз аст), пас, довталаб дар озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб гардидааст. Дар ҷадвал комбинатсияи ихтисоси дахлдор, бали гузариш аз рӯйи он ва бали бадастовардаи довталаб нишон дода мешавад.

Агар дар бахши «Натиҷаи тақсимот»-и кабинети инфиродии довталаб матни «Шумо аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаатон нагузаштед! Имкони дар тақсимоти такрорӣ иштирок кардан доред. Барои ин бояд аз 12 то 15 августи соли 2023 дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ аз нав аз қайд гузаред» дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст), ин чунин маъно дорад, ки довталаб дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардидааст.

Инчунин дар бахши «Натиҷаи тақсимот»-и кабинети инфиродии довталабе, ки бинобар соҳиб нашуданаш ба холҳои гузариш аз як ё якчанд субтести қисми А ё Б ва ё қисми В ё Г ба озмуни тақсимот роҳ наёфтааст, матни «Шумо ба озмуни тақсимот роҳ наёфта будед» нишон дода мешавад, ки ранги пасманзари он сурх аст.

Довталаби дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда бояд дар муҳлати муқарраргардида- аз 25 июл то 6 август ба муассисаи таълимии дахлдор барои номнависӣ ва қабул ҳозир шавад. Дар сурати бо сабаби узрнок ҳозир шуда натавонистанаш довталаб вазифадор аст, ки то 6 август дар ин бора бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба муассисаи таълимӣ хабар диҳад, вагарна ин довталаб ҷойи худро дар муассисаи таълимӣ аз даст медиҳад ва ҷойи қабулшудаи ӯ дар озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мешавад. Инчунин довталаби мазкур ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро надорад.

Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони дар озмуни тақсимот комёбгардида бояд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд:

1) ариза ба номи ректор/директори муассисаи таълимӣ;

2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсил (диплом ё аттестат);

3) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у);

4) 6 дона сурат (андозаи 3х4см);

5) маълумотнома аз ҷойи зист;

6) шиноснома (асл ва нусха) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ  додааст (асл ва нусхаи шаҳодатнома дар бораи таваллуд барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум);

7) билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон);

8) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).

Маълумоти бештарро метавон аз саҳифаи расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон https://ntc.tj/tj/ дастрас намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2023 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН. Таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
САНАИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии муҳандисӣ-кайҳонӣ сазовори ҷойи дуюм шуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Барои рушди ин соҳа дар Бадахшон зиёда аз 422 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф давоми 25 соли охир 224 баробар зиёд гардид
Дар Сеул оид ба сиёсати рушди сармояи инсонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ форуми байналмилалӣ доир гардид
Байни Вазорати маориф ва илм ва Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро ба донишгоҳҳои Узбекистон оғоз намуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Суғд 767 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шудааст
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 1 миллион китоби узбекӣ мавҷуд аст
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Норак бинои нави муассисаи таълимӣ сохта мешавад