НАМУНАИ ИБРАТ! Дар шафати роҳҳои мошингарди шаҳри Норак қуттиҳои пластикии турӣ барои партовҳои пластикӣ гузошта шуд

Июль 4, 2023 13:46

ДУШАНБЕ, 04.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард»-и шаҳри Норак дар ҳифзи муҳити зист саҳм гузошта, онҳо барои ҷамъоварии партовҳои пластикӣ зарфҳои махсуси пластикӣ сохта, дар шафати роҳҳо насб намудаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад.

Айни замон дар ҳудуди шаҳр чор адад чунин зарфи партов гузошта шудааст. Дар оянда насби даҳҳо чунин қуттиҳои пластикии тӯрӣ барои ҷамъоварии партовҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ пешбинӣ шудаанд.

Сокинони шаҳри Норак мегўянд, ки бо насби чунин қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар шаҳр зарфҳои истифодашудаи пластикӣ, ки қад-қади роҳ ва ҷуйборҳо хеле зиёд ба назар мерасид, коҳиш ёфтааст.

Дар даҳсолаи охир зарфҳои пластикӣ мӯҷиби фоҷиаи воқеии экологӣ гардидааст: дар уқёнуси ҷаҳонӣ доғҳои бузурге аз партовҳо ба вуҷуд омадаанд, ки асосан аз халтаҳои полииэтилении вайроннашаванда ва зарфҳои пластикӣ иборатанд. Солҳои охир чунин вазъ хатари осеб расонидан ба ҳаёт дар рӯи Заминро ба вуҷуд овард ва ҷомеаи ҷаҳонӣ тасмим гирифт, ки ҷиҳати ислоҳи он тадбирҳо андешад.

Моҳи марти соли 2022 Ассамблеяи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (ЮНЕП) қатъномаеро қабул намуд, ки он дар ояндаи наздик ифлосшавии табиат бо маводи пластикӣ ва партовҳои онро манъ мекунад.

Ин қатънома даъват мекунад, ки дар давоми даҳ соли оянда истифодаи пластмасса дар 170 кишвари ҷаҳон манъ карда шавад. Санади мазкур таъсиси Кумитаи байниҳукуматии гуфтушунидро пешбинӣ намудааст, ки бояд то соли 2024 шартномаи манъи ифлосшавии муҳити зистро аз маводи пластикӣ омода созад. Президенти ассамблеяи ЮНЕП, Вазири иқлим ва муҳити зисти Норвегия Эспен Барт Эйде таъкид кард, ки рӯзи қабули ин ҳуҷҷат санаи таърихӣ аст. Вай инчунин хотиррасон намуд, ки партовҳои пластикӣ ба нобудшавии бисёр намудҳои биологӣ сабаб мешаванд.

Тибқи пешгӯиҳо, бидуни тағйироти глобалӣ истеҳсоли пластикӣ то соли 2040 ду баробар бештар хоҳад шуд, ки боиси афзоиши назарраси партовҳо дар уқёнус то соли 2050 мегардад.

Қаблан як назарсанҷии IPSOS нишон дод, ки сеяки аҳолии сайера омодаанд, ки барои барқарор кардани муҳити зист аз маводи пластикӣ даст кашанд. Дар тадқиқот 20 ҳазор нафар аз 28 давлат иштирок намуданд. 75 фоизи онҳо хостори онанд, ки истифодаи пластикаи якдафъаина пурра ва ҳарчи зудтар манъ карда шавад ва 82 фоизи онҳо мехоҳанд, ки дар бастаи маҳсулот камтар аз ин мавод истифода шавад.

Инчунин раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иброз дошт, ки қисми зиёди партовҳоро дар мамлакати мо маводи пластикӣ ва полиэтиленӣ ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон ба роҳ мондани коркарди партовҳои пластикӣ ба нақша гирифта шудааст, ки иқдоми хеле муҳим аст.

Номбурда изҳор дошт, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷиҳати татбиқи лоиҳаи коркарди партовҳо дар марҳилаҳои аввал ҳамкориро бо бахши хусусӣ тақвият хоҳад дод.

Миқёси ифлосшавии муҳити зист аз маводи пластикӣ дар ҷаҳон воқеан нигароникунанда мебошад. Ҳисоботи MacArthur Foundation дар соли 2016 аз он шаҳодат медиҳад, ки «аз миллиардҳо тонна пластикае, ки ҳар сол истеҳсол мегардад, танҳо 14% коркард мешаваду халос».

Чанд сол муқадам муҳандиси шотландӣ Тоби Маккартни бо муаллифӣ дар ихтирооти беназир дар ҳифзи муҳити зист саҳм гузошта буд. Ширкати ӯ «MacRebur» партовҳои пластикиро дар бунёди «роҳҳои пластикӣ» истифода мебарад. Маккартни тасмим гирифт, ки сифати пасти роҳҳои мошингардро баланд бардорад ва бо мушкилоти афзояндаи партовҳои пластикӣ, ки имрӯз дар ҷаҳон мушоҳида мешавад, мубориза барад.

Вай ҳамзамон чунин мешуморид, ки усули алтернативии сохтмони роҳ аз пластикаи коркардшуда на танҳо дар Бритониё, балки дар дигар кишварҳои ҷаҳон низ истифода мешавад.Ин маълумот барои мулоҳиза ба роҳсозони Тоҷикистон пешниҳод мегардад.Дар ин росто, навоварии мутахассисони Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард» -и шаҳри Норакро, ки аллакай мавриди истифода қарор гирифтааст, метавон яке аз лоиҳаҳои хурд ва хеле муҳиму самарабахш дар ҳаракати ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист арзёбӣ намуд.

Ин ташаббус сазовори дастгирист ва месазад онро дигар Муассисаҳои давлатии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард» шаҳру навоҳии мамлакат, хусусан пойтахт ба таври васеъ истифода намоянд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 4, 2023 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси шашуми вазирони меҳнати кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуд
КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ. Ба қишри осебпазири Тоҷикистон беш аз 917 миллион сомонӣ кумак расонида шуд
Дар Давҳа масъалаи омодасозии мутахассисон барои бозори меҳнат баррасӣ шуд
Дар Душанбе форуми минтақавӣ-ҷаласаи роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода аз давлатҳои Осиёи Марказӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳии мураккаби мағзи сар гузаронида шуд
Дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо намояндагони Ассотсиатсияи кумак ва ёрии Ҷопон баррасӣ гардид
Ҳайати ҳокимияти судии Тоҷикистон дар Женева дар форуми байналмилалӣ иштирок намуд
«СОЛИМИИ ЗАН — СОЛИМИИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Гулистон беш аз 200 нафар занон бо муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд
Дар Душанбе оид ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти коҳиши хавфи офатҳо вохӯрӣ доир шуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Конфронси минтақавии сатҳи баланд вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи системаҳои рақамӣ дар раванди таълим бо намояндагони Бунёди аврупоии маориф баррасӣ шуд