НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба муҳоҷират рафтани табибон дар сатҳи вилояти Хатлон 50 фоиз коҳиш ёфтааст

Июль 27, 2023 13:37

ДУШАНБЕ, 27.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Ба муҳоҷират рафтани табибон дар сатҳи вилояти Хатлон 50 фоиз коҳиш ёфтааст. Аксари табибоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи мамлакат рафта буданд, баъди чанд муддат баргашта, дар ҷойи кори собиқашон фаъолият доранд». Чунин иброз дошт сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шайдулло Шарифзода 26 июл зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон.  

Ба иттилои манбаъ, то 1 июли соли 2023 дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ 4160 табиб ва 21 053 корманди миёнаи тиббӣ фаъолият бурда истодаанд.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар айни замон дар ҳудуди вилоят беш аз 600 нафар кормандони соҳаи тиб намерасанд. 40 нафар мутахассисони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба хориҷи мамлакат барои такмили ихтисос ҷалб шудаанд.

Дар муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон 2 доктори илмҳои тиб ва 27 номзади илмҳои тиб фаъолияти пурсамар доранд. Аз ин шумора як доктори илм ва як номзади илмҳои тиб аз ҷумлаи занон мебошанд.

Имсол дар муассисаҳои тиббии вилоят 15 усули нави ҷарроҳӣ ба роҳ монда шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июль 27, 2023 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст