Олимони тоҷик навъҳои картошкаи ба гармию хушкӣ тобоварро дар истеҳсолот ҷорӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 14.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи аввали соли 2023 олимони соҳаи физиология ва генетикаи растанӣ бо истифода аз усулҳои биотехнологӣ ва селексионии муосир роҳҳои ба даст овардани тухмиҳои аълосифати суперэлита ва элитаи зироати картошкаро коркард намуда, дар шароити таҷрибавӣ озмоиш намуданд. Навъҳои картошкаи ба гармию хушкӣ тобовари «Тоҷикистон», «Рашт» ва «Ан-1», ки ҳосилнокии онҳо 37-41 т/га-ро ташкил медиҳад, ба даст оварда шуд. Навъи картошкаи «Тоҷикистон» ба сифати навъи стандартӣ қабул карда шуда, дар майдони васеъ кишт карда мешавад.
Тибқи иттилои Академияи миллии илмҳо, дар нимсолаи якуми соли равон муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академия натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Аз ҷумла, дар ин давра физикони тоҷик дар ҳамкорӣ бо олимони Ҷопон намунаҳои таҷрибавии наноплёнкаҳои перовскитии оилаи CsSnX3 (сегалогенидҳои сезий-қалъагӣ — X: Cl, Br, I, F)-ро бо хосиятҳои пешакӣ муайяншуда ба даст овардаанд.
Директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Шокир гуфт, ки раванди ба даст овардани чунин нанопленкаҳо хеле мураккаб буда, ҳам аз қисмати назариявӣ – ҳисобҳои квантию химиявии сохтори зарурии молекулавии маводи нанокомпозитӣ ва ҳам қисми амалӣ – таҷрибаҳои лаборатории саҳеҳияти баланд иборат аст. Ҳисобҳои назариявӣ бо методи назарияи функсионали зичӣ дар Институти физикаю техника бомуваффақият иҷро шуда, баъди анҷоми таҳқиқоти муштараки қисми назариявӣ, қисми амалии таҳқиқот ва таҷрибаҳо аз ҷониби олимони ҷавони институт дар лабораторияи илмии Донишгоҳи Васэдаи Ҷопон гузаронида шуданд.
Таҳқиқот ва натиҷаҳои амалии ҳосилшуда барои татбиқ намудан, махсусан дар яке аз соҳаҳои басо мубрами ҷаҳони имрӯза – манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳамчун асос барои омода намудани унсурҳои лавҳаҳои офтобии насли нав (насли сеюм – дар асоси унсурҳои перовскитӣ) муҳим мебошанд.
Дастоварди дигари физикони тоҷик дар соҳаи ҷалби технологияҳои муосир, ин моҳи июни соли равон дар асоси ҳамкории илмӣ байни Институти физикаю техника ва Донишгоҳи Ланчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мавзеи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус технологияи муосири таҳлил ва мониторинги таркиби атмосфераи Озмоишгоҳи нави Институти физикаю техника ба кор оғоз бахшид. Макони мазкур бо дарназардошти динамикаи умумии ҷараёнҳои ҳавоии атмосфераи фазои мамлакат, аз ҷумла дар ибтидои масири воридшавии хокборишҳо воқеъ будани мавзеи мазкур интихоб карда шудааст.
Олимони соҳаи химия дар ин давра коркарди таркиби хӯлаҳои нави ноқилии алюминийро идома дода, хӯлаи алюминийи ноқилии навъи E-AlMgSi («алдрей») –ро ҳосил карданд, ки ба гармӣ тобовар буда, дорои мустаҳкамии баланд ва хосияти чандирии хуб мебошад, ҳамчунин қобилияти баланди барқгузарониро дорад. Ноқилҳои аз он сохташударо барои хатҳои интиқоли ҷараёни электрикии ҳавоӣ истифода кардан мумкин аст.
Олимони соҳаи геология муайян карданд, ки майдони маъдании Якҷилва (Помири Ҷануби Шарқӣ) дар қатори дигар майдонҳои маъдани нуқрадори Помир — Бачор, Марҷонай, Қародара, Сасик ва ғ. яке аз майдонҳои аз захираи маъдани нуқра бой ба ҳисоб рафта, аз нигоҳи омӯзиши металлогенӣ, минералогӣ, геохимиявӣ ва назарияи минералу маъданпайдошавӣ сустомӯхташуда ба шумор меравад. Ассотсиатсияи минералҳои омӯхташуда гувоҳӣ медиҳанд, ки дар майдони маъдании омӯхташаванда имкониятҳои кашфи минералҳои кашфношудаи нуқраю сурма калон аст.
Олимони соҳаи технологияҳои нав системаҳои инноватсионии захиракунии энергияи афканиши офтобиро омӯхта, коллектори офтобиро барои захиракунии энергияи офтобӣ бо масоҳати 3 м2, дарозии 244 см ва бари 122 см сохтанд.
Олимони соҳаи пиряхшиносӣ дар натиҷаи гузаронидани мушоҳидаҳо муайян карданд, ки дар баландии 1930 м аз сатҳи баҳр баландии барф 40 см – ро ташкил дод, ки ин нисбат ба моҳи декабри соли 2022 ва моҳи декабр соли 2021 хеле зиёд аст. Ҳолати коҳишёбии пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарфшон ва Кофарниҳон бо воситаи аксҳои кайҳонии Landsat ва Sentinel таҳлил ва ҳолати коҳишёбии зиёда аз 6 пирях омӯхта, муайян карда шуд, ки қисми забонаи пиряхҳо аз 63 то 800 метр коҳиш ёфтаанд.
Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 таҳқиқотро аз рӯйи 113 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 17 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Инчунин дар ин давра аз тарафи олимони Академия 10 патенту нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ба даст оварда шуд. Дар асоси ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ олимон 10 коркард, хулоса ва тавсияҳоро таҳия ва пешниҳод намуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








САДОИ ҚАЛБИ ҲАМСАФОНИ БУРУНМАРЗӢ. Ба Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба фарогирии ҷаҳонии тандурустӣ дар Токио иштирок намуд
Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар конгресси байналмилалӣ минералҳои фоиданоки мамлакатро муаррифӣ намуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кишти пиёзу картошка идома дорад
Омили объективии норасоии неруи барқ ва зарурати дарку таҳаммулпазирӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати давлат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзанда дорад
Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон ба ҳаҷми оби дарёҳо, шароити ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ вобаста аст. Шарҳи коршинос дар ин маврид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Челонро барои мубориза бо шамолхӯрӣ ва баланд бардоштани масуният тавсия медиҳанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сулфа нишонаи дигар бемориҳо низ мебошад
ЯХОБМОНӢ-ЗАХИРАИ НАМӢ БАРОИ СОЛИ ОЯНДА. Ин тадбири муҳим дар Тоҷикистон аз охири моҳи ноябр то моҳи феврал гузаронида мешавад
НОРАСОИИ НЕРУИ БАРҚ-МУШКИЛИИ МИҚЁСИ ҶАҲОНӢ. Сабаби асосии он тағйироти иқлим ба ҳисоб меравад






