ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Шуғнон ҷиҳати ҷалби ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ ҷаласа доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 20 июл дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа роҳбарияти ноҳия масъулинро барои омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонони соли таваллудашон 1996-2005 вазифадор намуд. Ҳамзамон раисони ҷамоатҳои деҳот, комиссариати ҳарбии ноҳия супориш гирифтанд, ки омӯзиши шаҳрвандони синни даъватиро дар ҳудуди ноҳия ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро, ки бояд дар давраи навбатии соли 2023 ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд, муайян намоянд.
Инчунин раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилот, корхонаҳо, муассисаҳо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, новобаста аз шакли моликият уҳдадор гардиданд, ки рӯйхати шаҳрвандони синни даъватиро ба комиссариати ҳарбии ноҳия пешниҳод ва дар асоси даъватномаи комиссариати ҳарбӣ шаҳрвандони синну соли даъватиро хабардор намоянд.
Муроҷиати шаҳрвандони синни даъватӣ ҷиҳати аз қайди ҷои истиқомат баромадан, мондан, гирифтани маълумотномаҳо ва маълумоти оиладорӣ дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи комиссариати ҳарбӣ барои дар қайди ибтидоии ҳарбӣ будан мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Ҳамчунин ба раисони ҷамоатҳои деҳот супориш дода шуд, ки тибқи нақшаи пешакии тасдиқшуда «Дар бораи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2023-и шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ» то 1 октябри соли 2023 аз ҳисоби даъватшавандагоне, ки бояд дар давраи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд, муоинаи пешакии тиббӣ гузаронида шуда, барои дар санаи муайяншуда ба хизмати ҳарбӣ равон намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






