Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 05.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 июл дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар деҳоти Урметан дидан намуда, бо деҳқонону сокинон суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Кишоварзони ноҳияи Айнӣ дастовардҳои меҳнатӣ, аз ҷумла меваю хушкмеваҳо, асал, намудҳои гуногуни ғалладонагӣ, ки ҳамасола аз заминҳои зархези дар ихтиёрдошта истеҳсол мекунанд, ба маъраз гузоштанд.
Як гӯшаи намоишгоҳро намунаи маҳсулоти нонӣ ва хӯрокҳои миллӣ ташкил медод.
Дар ноҳияи Айнӣ 1360 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамояд ва кишоварзон бо истифодаи мақсадноки заминҳо баробари таъмини бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти тару тоза, дар дастрасии сокинони ноҳияҳои атроф бо маводи худӣ саҳми назаррас доранд.
Ноҳияи Айнӣ барои парвариш ва истеҳсоли картошкаи хушсифати навъҳои тоҷикӣ иқлими мусоид дошта, ҳамасола майдони кишти он васеъ карда мешавад.
Имсол низ дар ин самт меҳнаткашони ноҳия пешсаф буда, барои таъмини бозори минтақа ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифат масъулият доранд. Ноҳияи Айнӣ минтақаи аграрӣ буда, саҳми деҳқононаш дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва истеҳсоли маҳсулоти баландсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза неку муассир аст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони ноҳияи Айнӣ бо истифода аз ҳавои мусоид ва имкониятҳои мавҷуда майдони кишти зироати гуногунро ба маротиб зиёд намуда, дар майдони 605 гектар картошка, 67 гектар сабзавот ва 465 гектар ғалладонагиҳо гузарониданд, ки дар натиҷаи нигоҳубини хуб ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳосили дилхоҳ низ ба даст оварданд.
Аҳли заҳмати ноҳия то имрӯз дар 41 гектар кишти такрорӣ гузарониданд, ки айни ҳол нашъунамои зироат хуб мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон зимни суҳбат бо аҳли заҳмат таъкид намуданд, ки кишоварзон бояд аз гузашта дида пурмасъул бошанд ва истифодаи самараноки заминро хуб дарк намуда, бо ба даст овардани маҳсулоти фаровон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми муносиби худро гузоранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ ва суҳбат бо аҳли заҳмати ноҳия ба дарки баланди масъулиятшиносӣ ва дастгирии меҳнаткашон аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, ба деҳқонон ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва бардошти ҳосили дилхоҳ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар навбати худ аҳли заҳмати ноҳия аз таваҷҷуҳи Сарвари давлат нисбат ба замину деҳқон изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ дар таъмини бозори дохила бо маҳсулоти ватанӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии «Гулистон»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе «Кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбӣ»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ватанпарварро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нуман Куртулмушро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ доир намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд






