Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маккаи мукаррама қиблаи мусулмонон – Каъбаро зиёрат намуданд

Июль 19, 2023 14:29

ДУШАНБЕ, 19.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз иштирок дар нахустин вохӯрии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ аз шаҳри Ҷидда ба шаҳри Маккаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маккаи мукаррама қиблаи мусулмонон – Каъбаро зиёрат намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либоси хоси маросими ҳаҷ – эҳромро ба бар карда, вориди хонаи Худо гардида, дохили Каъбатуллоҳ 2 ракъат намози нафл хонданд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо 7 маротиба давр задан дар гирди хонаи Каъба, яъне тавофи қиблаи мусулмононро дар рӯйи замин ба ҷо оварданд.

Пас аз тавофи хонаи Каъба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пушти мақоми пайғамбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар як паҳлуи Каъбатуллоҳ аст, 2 ракъат намози нафл хонданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳ пас аз адои намоз барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистон — хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон ва сарҷамъию осудагии мардуми шарифи тоҷик дуои хайр намуданд.

Сипас, Пешвои миллат дар назди чоҳи Замзам бо як ҷаҳон орзуву ниятҳои нек аз оби Замзам нӯши ҷон намуда, ба пояи кӯҳи Сафо баромаданд, то дар саъйгоҳ, яъне миёни кӯҳҳои Сафо ва Марва 7 маротиба рафтуо кунанд. 4 бор аз Сафо то Марва ва се бор баръакс ҳаракат бояд кард.

Баъди анҷоми саъй дар пояи кӯҳи Марва мӯйи сар бояд тарошида ё кӯтоҳ карда шавад. Бо амалӣ намудани ин рукн маросими умраи ҳайати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.

Бояд гуфт, ки ин зиёрат дафъаи панҷум ҷараён мегирад.

Бо инояту меҳрубонии Парвардигори олам ва бо таваҷҷуҳи хосу эҳтироми баланди Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Арабистони Саудӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки се маротиба ба дохили хонаи рамзии Худо – Каъбатуллоҳ ворид шуда, бо гузоштани 2 ракъат намоз барои Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифи он дуою фотиҳаи наку намоянд.

Пуштибонии пайваста аз номи поки дини мубини ислом дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, чанд дафъа ба забони тоҷикӣ нашру дастраси мардум кардани Қуръони Карим ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ таҷлил намудани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулпазирии ҳанафӣ Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит – Имоми Аъзам аз ҷумлаи хизматҳои шоёни Пешвои миллати тоҷикон дар ҷаҳони ислом мебошанд, ки ӯро ба шаъну эътибори баланд расондаанд.

Ба чунин шарафи баланд даст ёфтани Сарвари давлати Тоҷикистон ва Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯй аз нуфузу эътибори шоистаи ӯ дар олами ислом аст. Ин аст, ки ӯ борҳо ба феҳристи 500 мусулмони соҳибнуфузи олам шомил гардидааст.

Хотиррасон бояд намуд, ки то ин вақт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1997, 2001, 2005, 2016 ва 2017 ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом додаанд.

Мояи хушнудию шукргузорӣ аст, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандон, зоироне, ки мақсади тавофи хонаи Каъбаву зиёрати равзаи паёмбари ислом Муҳаммади Мустафоро (с) доранд, сол то сол тадбирҳои хайрро амалӣ менамоянд. Шароити сафар ва будубоши ҳоҷиён аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Подшоҳии Арабистони Саудӣ беҳтар мегардад.
Зиёрати қиблаи мусулмонон - Каъбатуллоҳ 19.07.2023

Июль 19, 2023 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббоси Ароқчиро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот анҷом доданд
Шарҳи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идораҳо таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон