Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 24.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Узбекистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба муҳтарам Шавкат Мирзиёев сиҳатмандӣ, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои нави азим дар татбиқи нақшаҳои давлатиашон ба нафъи мардуми бародари Узбекистон орзӯ намуданд.
Пешвои миллат нақши назарраси муҳтарам Шавкат Мирзиёевро дар рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвари ҳамсоя ва тақвияти мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуда, ба Узбекистони дӯст пешрафту шукуфоӣ хостанд.
Дар идомаи суҳбат Президентҳо ҷанбаҳои алоҳидаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ намуданд. Дар ин зимн омодагии қатъии ҷонибҳо ҷиҳати таъмиқи муколамаи эътимодбахши байнидавлатӣ ва рушди минбаъдаи босамари муносиботи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар мавриди таъкид қарор гирифт.
Сарварони Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамзамон ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.








Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд






