Роҳҳои муассири ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва мамлакатҳои арабӣ аз нигоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 23, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 23.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ҳамеша аз манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон пуштибонӣ намуда, дар робита ба манфиатҳои иқтисодии кишварҳои минтақа масъалагузорӣ ва пешниҳодоти ҷолибу ҷасурона изҳор менамоянд.

Ҳамоиши роҳбарони кишварҳои арабии Халиҷ ва сарони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, ки бори нахуст 19 июли соли равон дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ баргузор гардид ва дар он Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд, бори дигар сиёсатмадори ботаҷриба ва дурандеш будани Пешвои миллатро  собит намуд. Чунончӣ, зимни суханронӣ Пешвои миллат ба роҳбарони кишварҳои арабии Халиҷ (Арабистони Саудӣ, Салтанати Уммон, Шоҳигарии Баҳрайн, Давлати Қатар, Давлати Кувайт ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб), ки хоҳони ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, шаш пешниҳоди воқеан ҳам амалишаванда ва барои тарафҳо манфиатоварро дар миён гузоштанд.

Пеш аз ҳама, Эмомалӣ Раҳмон дархост намуданд, ки сармояи кишварҳои пешрафтаи арабӣ барои бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, ки сарчашмаи асосии энергияи «сабз» ба шумор меравад, ҷалб шавад. Воқеан ҳам, давоми зиёда аз ду даҳсола дар тамоми ҳамоишҳои банйналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба зарурати  ҷорӣ намудани энергияи «сабз» даҳҳо маърузаҳои илмӣ садо медиҳанд, аммо амалан пайи татбиқи ин лоиҳаи замони муосир маблағҳои зарурӣ ҷудо карда намешаванд ва ё хеле кам ҷудо мешаванд. Ҳол он ки тағйирёбии босуръати иқлим тақозо дорад, ки мамлакатҳои минтақаҳои гуногун ҳарчӣ зудтар энергияи «сабз»-ро ҷорӣ ва аз он истифода баранд.

Пешниҳоди дуюме, ки Пешвои миллат дар ҳамоиши байналмилалӣ ба миён гузоштанд, сохтмони шоҳроҳ ва роҳҳои оҳанро дар бар мегирад. Тавре ки маълум аст, дар минтақаи Осиёи Марказӣ кишварҳое ҳастанд, ки роҳ ба уқёнуси ҷаҳонӣ надоранд (Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон). Барои баромадан ба бандарҳои баҳрӣ мебояд роҳҳои оҳани муосири баландсуръат сохта шаванд, ки аз байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бемамониат убур намоянд ва ё шоҳроҳҳои азими мошингузар бунёд гарданд, ки биёбонҳо ва кӯҳсорони минтақаи Осиёи Марказиро ба ҳам пайванданд, омадурафтро байни кишварҳои минтақа осон, камхарҷ ва бароҳату шоистаи таъриф гардонанд. Албатта, ҳам барои саҳм гузоштан дар сохтмони роҳҳои оҳану шоҳроҳҳои мошингузар ва ҳам барои иштирок дар бунёди силсиланеругоҳҳои барқи обӣ бояд сохтори амалӣ намудани лоиҳаҳо мавҷуд бошад. Бо дарназардошти ҳамин, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки  Фонди махсус барои сармоягузорӣ ва дастгирии рушд дар шакли «Осиёи Марказӣ-Халиҷ» таъсис дода шавад.

Воқеан ҳам то ин замон кишварҳои арабии Халиҷ ҳамкории иқтисодии худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ асосан дар доираи расонидани кумакҳои башардӯстона тавассути Маркази Шоҳ Салмон, Бунёди башардӯстонаи Шоҳ Абдуллоҳ ва имконияти Фонди Саудии Рушд ба роҳ мондаанд, ки чунин ҳолат наметавонад қонеъкунанда бошад.

Таклифи чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро дар бар мегирад. Эмомалӣ Раҳмон таклиф намуданд, ки «робитаҳои байни донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷ ҷиҳати табодули таҷриба, тадқиқоти илмӣ ва татбиқи барномаҳои таълими касбӣ, бахусус дар риштаи илмҳои дақиқ ба роҳ монда шавад». Бояд гуфт, ки дар даврони истиқлол сохтори маорифи Тоҷикистон таҳаввулоти амиқро аз сар гузаронид: бо дарназардошти талаботи замон меъёрҳои системаи байналмилалии таълим ҷорӣ шуданд. Аммо ҳамкории бахши маорифи мамлакатамон бо кишварҳои арабӣ дар сатҳи хеле ноаён қарор дорад. Ҳол он ки беҳтарин забоншиносони араб ва донандагони забону таърихи араб дар тамоми ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омода мешуданд. Илова ба ин,  тавре ки Пешвои миллат дар ҳамин суханронии худ таъкид доштанд, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Халиҷро муштаракоти амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ бо ҳам мепайванданд. Яъне таърих, фарҳанг ва забони араб барои донишомӯзону донишмандони тоҷик бегона нест ва ҳамкорӣ  дар ин самт ба наъфи ҳам ҷониби Тоҷикистон ва ҳам ҷониби кишварҳои арабӣ хоҳад буд.

Пешниҳоди дигаре, ки Сарвари давлати тоҷикон дар ҳамоиши байналмилалӣ бо иштироки роҳбарони давлатҳои пешрафтаи арабӣ дар бахши тандурустӣ ба миён гузоштанд, ин таъсиси корхонаҳои муштараки дорусозӣ ва озмоишгоҳҳои тиббӣ, мубодилаи маълумот ва таҷриба оид ба эпидемияҳо ва ваксинагузаронӣ мебошад.

Зимнан, дар Тоҷикистон ду Донишгоҳи давлатии тиббӣ- яке дар шаҳри Душанбе ва дигаре дар шаҳри Данғара фаъолият мекунанд, ки дорои заминаҳои хуби моддӣ, фаннӣ ва тиббӣ мебошанд. Тавре ки медонем, солҳои пеш хатмкунандагони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро дар дигар кишварҳо бо оғӯши кушода истиқбол ва ба кор қабул менамуданд. То чанд соли пеш дар бештари кишварҳои арабӣ мутахассисони соҳаи тибб аз Тоҷикистон фаъолият менамуданд, ки тариқи ширкатҳои хусусӣ ба кор фиристонида мешуданд. Имрӯз низ хатмкунандагони мактабҳои олии тиббии Тоҷикистон метавонанд дар кишварҳои арабӣ бомуваффақият  фаъолият намуда, вориси ҳақиқии Ибни Сино будани тоҷиконро дар ҳавзаи Халиҷ бо донишу малакаи тиббии худ исбот намоянд. Барои амалӣ шудани ин таклифи Пешвои миллат мебояд масъулони Вазорати тандурустӣ ва маориф чораҷӯӣ намоянд.

Пешниҳоди шашуме, ки Роҳбари давлати тоҷикон изҳор доштанд, саривақтӣ ва муҳим буд. Гап сари ин меравад, ки ҳама гуна пешравӣ ва муваффақият дар иқтисодиёт замоне таъмин карда мешавад, ки агар дар минтақа суботу оромӣ ҳукмрон бошад. Мутаассифона, бо гузашти инак ду соли ба сари ҳукумат омадани ҳаракати толибон (дар Тоҷикистон мамнуъ аст), дар кишвари ҳамсояи Афғонистон то ҳоло мушкилоти ин мамлакат ҳалношуда боқӣ мондааст.

Бинобар ҳамин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хитоб ба роҳбарони кишварҳои арабии Халиҷ изҳор чунин намуданд: «Дар ин росто мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба вазъи мураккаби низомиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон низ ҷалб намоям. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон буд ва дар ин мавқеъ устувор мемонад. Дар баробари ин, мо бар онем, ки таъсиси ҳукумати ҳамашумул бо иштироки фаъоли намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои қавмию сиёсӣ ва иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, бахусус занону духтарон, метавонад дар Афғонистон заминаи устувори истиқрори сулҳу суботро фароҳам оварад. Мо аз ҳама гуна талошҳои сиёсиву дипломатӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон ва тадбирҳои расонидани кумакҳои гуманитарӣ ба мардуми он ҷонибдорӣ менамоем. Омодаем, ки дар ин ҷода бо кишварҳои арабии Халиҷ ҳамкории созанда дошта бошем».

Тавре ки аз ин суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, Тоҷикистон аз вазъи мураккаби низомиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвари ҳамсарҳад нигарон аст. Дар баробари ҳамин Тоҷикистон тарафдори бо роҳи осоишта ҳал намудани қазия дар ин мамлакат мебошад. Илова ба ин Тоҷикистон изҳор менамояд, ки таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон заминаи устувор барои фароҳам овардани сулҳ дар ин кишвари ҳамсарҳади Афғонистон мебошад. Бинобар ҳамин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои арабии Халиҷ паём доданд, ки ба мушкилоти Афғонистон бетараф набошанд. Мамлакати мо омодаи он аст, ки барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба сокинони Афғонистон бо кишварҳои арабии Халиҷ ҳамкории созанда дошта бошад.

Ба ҳамин тартиб шаш пешниҳоде, ки аз ҷониби Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардиданд, ҳама паҳлуҳои муҳими ҳамкорӣ, яъне энергияи «сабз», роҳу нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва суботу амнияти минтақаро дар бар гирифтаанд.

Акарм САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мавзуи обу иқлим баланд арзёбӣ гардиданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм доир шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Абузабӣ мулоқот намуд
Масъалаи сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва инфрасохтори Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тағйирёбии иқлим ва муҳити зисти Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст