Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон буд ва дар ин мавқеъ устувор мемонад
ДУШАНБЕ, 20.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори ботаҷриба ва дурандеш дар ҳама ҳамоишҳои байналмилаливу минтақавие, ки иштирок мекунанд, бо итифода аз минбарҳои баланд ва имконияти мавҷуда таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба давлати дӯсту ҳамсояи мо — Афғонистон ҷалб мекунанд.
19 июл дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ нахустин вохӯрии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба рақобатҳои геополитикии глобалӣ, дигаргуниҳои куллӣ дар низоми равобити байналмилалӣ, шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои амниятӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Аз ҷониби Сарвари давлати тоҷикон пешниҳод гардид, ки барои ҳалли қазияҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ тамосу ҳамкории бештар ба роҳ монда шавад. Ҳамкорӣ дар самти муқовимат бо ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври муассир пурзӯр карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон ба сарони кишварҳои арабӣ ва Осиёи Марказӣ муроҷиат намуда, гуфтанд: «Дар ин росто мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба вазъи мураккаби низомиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон низ ҷалб намоям. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон буд ва дар ин мавқеъ устувор мемонад».
Оид ба роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «дар баробари ин, мо бар онем, ки таъсиси ҳукумати ҳамашумул бо иштироки фаъоли намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои қавмию сиёсӣ ва иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, бахусус занону духтарон метавонад дар Афғонистон заминаи устувори истиқрори сулҳу суботро фароҳам оварад. Мо аз ҳама гуна талошҳои сиёсиву дипломатӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон ва тадбирҳои расонидани кумакҳои гуманитарӣ ба мардуми он ҷонибдорӣ менамоем».
А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед






