ТОҶИКИСТОН ВА ҶОПОН. Ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷопон густариш меёбад

27 июл 2023, 12:00

ДУШАНБЕ, 27.07.2023. /АМИТ «Хова»/. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади табодули таҷриба ва такмили ихтисоси кормандон бо  муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷопон ҳамкорӣ менамояд. Дар ин хусус зимни вохӯрии Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода бо намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази иттилоотӣ-таҳлилии донишгоҳи мазкур.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар самти рушди ҳамкорӣ, аз ҷумла дар робита ба 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Ҷопон, баргузор намудани машваратҳои илмӣ, равобити устодону донишҷӯён дар самти такмили ихтисос табодули афкор намуданд.

Дар идомаи мулоқот вобаста ба ҳамкорӣ бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (JICA) ва дар ин замина таҳким бахшидани ҳамкории илмию таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷопон андешаҳои судманд баён гардиданд. Зимнан таъкид шуд, ки дар назар аст роҳбарияти асосии Агентии мазкур ба Тоҷикистон омада, бо ҳайати донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрӣ намояд.

Пешниҳоди мазкур аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ пазируфта шуда, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидани он таклифҳои судманд ироа шуданд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

27 июл 2023, 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия мулоқот доир гардид
Такмили Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баррасӣ шуд
Масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносии муосир дар форуми байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ гардиданд
«ПИРИ ҲАКИМОНИ МАШРИҚЗАМИН». Рисолаи Сотим Улуғзода оид ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино
СИНО ВА ХАЙЁМ — СИМОҲОИ БАРҶАСТАИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҳамоиши илмӣ доир шуд
Масъалаҳои густариши ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бо ЮНЕСКО баррасӣ шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар мавзуи «Ибни Сино дар шинохти Сотим Улуғзода» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо созишномаҳо ба имзо расонид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид
Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд