Ван И дубора Вазири корҳои хориҷии Чин таъйин гардид
ДУШАНБЕ, 26.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Парлумони Чин роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсин Ганро аз вазифа озод карда, сардори шуъбаи комиссия оид ба корҳои хориҷии КМ Ҳизби коммунистии Чин, аъзои Бюрои сиёсӣ Ван Иро аз нав вазир таъйин намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад.
Ба фармони дахлдор аллакай раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин имзо намудааст.
Ван И аз соли 2013 то охири соли 2022 дар вазифаи вазири корҳои хориҷии Чин фаъолият мекард, сипас аз моҳи январи соли 2023 сардори дафтардории комиссияи КМ Ҳизби коммунистии Чин оид ба корҳои хориҷӣ таъйин гардид.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






