12 АВГУСТ- РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. То охири соли 2030 шумораи ҷавонони сайёра ба 57 фоиз баробар мегардад
ДУШАНБЕ, 12.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12 август Рӯзи байналмилалии ҷавонон (International Youth Day).
Ин рӯз аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ 17 декабри соли 1999 бо пешниҳоди Конфронси умумиҷаҳонии вазирон оид ба умури ҷавонон, ки 8-12 августи соли 1998 дар Лиссабон (Португалия) баргузор гардид, эътироф шудааст.
Мувофиқи омори ҷаҳонӣ, имрӯз дар дунё шумораи рекордии ҷавонон сабт шудааст. Нисфи аҳолии ҷаҳонро наврасону ҷавонони то 30-сола ташкил дода, интизор меравад, ки ин рақам то охири соли 2030 ба 57 фоиз расад.
Тибқи таҳлили оморӣ, аз шумораи умумии аҳолӣ 32,9%-и онро ҷавонони аз 14 – 30-сола ташкил медиҳад ва синни миёнаи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 25 солро дар бар мегирад. Дар 17 соли охир шумораи ҷавонон 33% зиёд гардида, дар ин давра ба ҳисоби миёна ҳамасола 1,9% шумораи ҷавонон дар ҳоли афзоиш қарор дорад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо талошу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало эҳсос мегардад. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника, ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, парчами давлатиро баланд мебардоранд, ки шоистаи таҳсину офарин аст.
Дар Тоҷикистон барои дастгирии иҷтимоии ҷавонон ва боло бурдани ҳисси ватандӯстии онҳо корҳои назаррас ба сомон расонида мешаванд, ки аз ҷумлаи онҳо бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таъсиркунанда ҷиҳати тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал амалӣ гардида истодааст.
Илова бар ин ҷиҳати амалишавии 10 самти афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» бармеояд, «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал амалӣ гардида истодааст. Дар заминаи барномаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон қабул ва татбиқ гардида истодаанд.
Ҷаҳони муосир бо ҳама нозукиву печидагии худ моро водор месозад, ки дар баробари тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва арзишҳои волои он дар замири шаҳрвандон инчунин барои пешгирии паҳншавии зуҳуроти номатлубе, чун терроризму экстремизм ва хушунату тундгароӣ кӯшишу талош ба харҷ диҳем.
Бояд таъкид намуд, ки дар таҳкими сулҳу суботи мамлакат маҳз ҷавонон саҳми арзанда дошта, онҳо тамоми кӯшишу талоши худро баҳри ободии диёр равона менамоянд. Ҳамин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид гардидааст: «Мо бо ҷавонони мамлакати худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».
Ба ибрози Сарвари давлат, ба дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошад, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор дорад, зеро Тоҷикистон худ давлати ҷавонон аст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд






