Ҳамкории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин густариш меёбад

Август 15, 2023 18:12

ДУШАНБЕ, 15.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва намояндагони Ноҳияи худмухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин хостори тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи иқтисоду кишоварзӣ, рушди сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо намояндагони ноҳияи худмухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии соҳибкориву сармоягузории «Помиринвест-2023» ба вилоят омадаанд, вохӯрӣ  доир гардид.

Таъкид шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои дӯстии ду давлат дар сатҳи баланд амалӣ мешаванд.

Рохбарияти ноҳияи Худмухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин баён доштанд, ки табодули молу маҳсулот дар зарфи 20 соли охир ба таври бесобиқа тариқи гарданаи Қулма рушд намудааст.

Ба масъалаи  рушди соҳаи кишоварзӣ ва парвариши зироати кишоварзӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти ба содирот нигаронида, ташкили  омӯзишҳои соҳавӣ бо деҳқонони ноҳияҳои вилоят ва афзун намудани содироти  маҳсулоти кишоварзии вилоят ва ноҳияҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари ҳамсарҳади Чин ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо  изҳори умедворӣ намуданд, ки дар баробари сармоягузорӣ ба иқтисоди вилоят дар оянда ҳамчунин ҳамкориро дар самти роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, маориф ва туризм  дар сатҳи зарурӣ бояд амалӣ намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Август 15, 2023 18:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд