«ҲАЁТИ СОЛИМ-ИНТИХОБИ МОСТ». Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш байни аҳолӣ аксияи ташвиқотӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ бо табибони ҷавон вохӯрӣ намуда, бо назардошти фаъолияти пурсамар як гурӯҳ табибони ҷавон ва кормандони соҳаро бо Сипосномаи Кумита ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии кумита.
Ҳамзамон бо мақсади ба аҳолӣ фаҳмонидани тарзи ҳаёти солим бо иштироки волонтёрони Кумита аксияи ташвиқотии «Ҳаёти солим-интихоби мост» доир шуд.
Дар вохӯрӣ тазаккур дода шуд, ки давоми солҳои охир бо таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат соҳаи тандурустӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинон ба маротиб беҳтар гардидааст.
Зимни ҳамоиш фаъолияти табибону кормандони соҳаи тиб, заҳмату меҳнати духтурони оилавӣ ва ҳамшираҳои шафқат намунаи олии хизмат ба халқу Ватан арзёбӣ гардид.
Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ баҳри омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ду донишгоҳ-Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, се донишкада- МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон», Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиб, Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» ва 35 коллеҷи тиббии давлативу хусусӣ фаъолият менамоянд.
Танҳо дар соли таҳсили 2022-2023 шумораи хатмкардаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ 2349 ва кормандони миёнаи тиббӣ 14 ҳазору 255 нафарро ташкил дод.
Теъдоди донишҷӯёни соли таҳсили 2022-2023-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 20098 ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 61621 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2441 ва 1294 нафар зиёд мебошад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






