БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд меҳмонхона ва тарабхона бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 01.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд барои нигаҳдории мошинҳо дар минтақаи истгоҳи мошинҳои махсус гӯшаҳо бо ғунҷоиши 20 нақлиёт бунёд гардида, дар ошёнаи дуюми бинои мазкур утоқҳои корӣ барои кормандон сохта мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Роҳбарияти вилояти Суғд бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд шинос гардид. Дастур дода шуд, ки бештар сохтмончиён ба корҳои сохтмонӣ ҷалб ва сифати корҳо назорат шавад. Масъулин вазифадор шуданд, ки сохтмончиёнро бештар ба корҳои бунёдкорӣ дар ин иншоот ҷалб намуда, сифати корҳоро назорат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, ҳамзамон саҳм гузоштан дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила ҷалби бештари сайёҳони дохилу хориҷӣ корҳои созандагиву ободонӣ бомаром идома доранд.
Зимни шиносоӣ дар бинои меҳмонхона ва ошхонаву тарабхонаи нав маълумот дода шуд, ки корҳои пардозгарӣ дар дохили биноҳо идома доранд. Дар таҳхонаи ошхона ҳуҷраҳо барои тайёр кардани хӯрок ва нигоҳдории маҳсулот омода шудаанд. Бинои меҳмонхона аз 5 ошёна ва 90 ҳуҷра иборат буда, дорои 188 кат мебошад. Бинои ошхона ва тарабхона бо ҷойи нишаст барои то 300 нафар сохта шуда, дар оянда шабонарӯзӣ фаъолият хоҳанд намуд.
Дар ҳудуди фурудгоҳ инчунин коргоҳи дӯзандагӣ ташкил шуда, либосҳои махсуси корӣ барои кормандони шуъбаву хадамоти фурудгоҳ омода мешаванд.
Гуфта шуд, ки ин ҳама созандагиву бунёдкорӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани санаҳои фархунда амалӣ мешаванд.
АКС аз бойгонӣ








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






