БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд мешаванд
ДУШАНБЕ, 18.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода якчанд иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуда, бунёди чанд иншооти дигар идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.
Танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон як маркази саломатии деҳавӣ, ду хонаи саломатӣ ва як маркази кардиологӣ ба истифода дода шуда, айни ҳол сохтмони ду маркази саломатӣ ва таъмири мукаммали маркази саломатии деҳавӣ ва дар заминаи он таъсиси таваллудхонаи минтақавӣ идома дорад.
Дар маҷмуъ, дар доираи корҳои ободонӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо фаъолону соҳибкорон ва шарикони рушд дар ҳудуди шаҳру деҳоти Турсунзода бунёду барқарорсозии беш аз 30 иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда, аксари онҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Бояд гуфт, ки дар ҳама давру замон солимии ҷомеа аз масъалаҳои муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии аҳолии Тоҷикистонро боигарии асосии давлату миллат арзёбӣ намудаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд






