БАДАХШОН-ДАР МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Дар ҳошияи сафари Президенти Тоҷикистон ба ин вилоят

Август 15, 2023 10:40

ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар таърихи рушду тараққиёти Бадахшон саҳифаи бузург боз намуд. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сарзаминро «Дарвозаи тиллоии Тоҷикистон» ва асри 21-ро «Асри тарақиёти Бадахшон» номида буданд. Рушди воқеии солҳои охир аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақиқат имрӯзҳо Бадахшон ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил ёфта истодааст. Чунин ибрози назар намудааст Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек дар мақолаи хеш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст.

— Таърихи Бадахшони Тоҷикистон аз даври қадим то имрӯз воқеаву ҳодисаҳои гуногунро паси сар намуда, аз тарафи муҳаққиқони зиёди ватанию хориҷӣ мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дорад. Ин гӯшаи зебои ватани азизамон – Тоҷикистон бо мавқеи ҷуғрофии худ дар ҷаҳон бо номи «Боми ҷаҳон» ва бо кӯлу пиряхҳо, қуллаву ҳайвоноти нодир ва дигар дурдонаҳояш маълум мебошад. Ҳамчунин аз давраи қадим дар ҳудуди он давлатҳои қадимаи аҷдодони мо арзи ҳастӣ намуда, фарҳангу ёдгориҳои мухталифи қадимӣ то даврони мо ба мерос мондаанд. Аз қалби Бадахшон роҳи бузурги тиҷоративу сайёҳӣ, маъмул ба «Роҳи абрешим» мегузашт, ки аҳамияти бузург дошт. Ҳамин тавр, ҳар саҳифаи таърихи Бадахшон пур аз афсонаву ривояти аҷиб мебошад.

Ҳадафҳои стратегӣ дар баробари дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар вилоят низ бо маром амалӣ шуда истодаанд. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ Бадахшон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфта, роҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Қалъаи-Хумб – Хоруғ – Кулма-сарҳади Чин марҳила ба марҳила ба стандарти ҷаҳонӣ баробар гардида, лоиҳакашӣ дар қитъаҳои боқимондаи он идома дорад. Имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои Қалъаи-Хумб-дарвозаи Рӯшон, мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон ва пули бузург дар шаҳри Хоруғ бо маром идома доранд. Лоиҳаи Қалъаи-Хумб – Рӯшон 109 километрро ташкил дода, бо пурра таҷдиду навсозӣ гардидани он 16 километр роҳ кӯтоҳ мегардад ва дар маҷмуъ 92,3 километрро ташкил медиҳад. Маблағи лоиҳа қариб 2,5 миллиард сомониро дар бар мегирад ва дар асоси лоиҳа дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ, гузоштани 330 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ бо дарозии 3 ҳазору 328 метр, бунёди 5 долон бо дарозии 601 метр, ду нақб ва 15 пули мошингузар бо дарозии 633 метр ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ шудааст.

Корҳои лоиҳакашӣ дар қитъаи Рӯшон – Варшези ноҳияи Шуғнон бо дарозии 2035 км оғоз гардида, бо анҷоми лоиҳакашӣ корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ оғоз меёбанд. Тибқи нақша, то соли 2026 роҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Қалъаи-Хумб – Хоруғ – Кулма пурра навсозӣ мегардад. Ҳамчунин дар даврони истиқлолият дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Ванҷ ва Дарвоз чор пул аз болои дарёи Панҷ ба самти Афғонистон сохта, ба истифода дода шуданд.

Истиқлолияти энергетикӣ дар вилоят таъмин гардида, имрӯзҳо сохтмони НБО «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа бо суръат идома ёфта истодааст. Тавоноии ин неругоҳ 11 мВт буда, дар доираи он сохтмони хати интиқоли барқи 110 кВт «Себзор-Хоруғ» дар масофаи 18 км ба анҷом расид.

Яке аз дастовардҳои бузург дар ин соҳа- ин пайваст гардидани вилоят ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат мебошад. Сохтмони хатҳои интиқоли барқи баландшиддат дар ноҳияҳо идома дорад. Дар арафаи таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ду зеристгоҳи барқӣ дар ноҳияҳои Рӯшон ва Ванҷ ва неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба истифода дода мешаванд.

Бояд иброз намуд, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ соҳаи энергетика дар ҷумҳурӣ рушд намуда, Тоҷикистон аз рӯи истеҳсоли энергияи «сабз» дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дорад. Мамлакати мо аз ҳисоби истеҳсоли энергияи «сабз» ояндадаор буда, имконияти бузурги ҳанӯз истифоданашуда дорад.

Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат буда, дар даҳсолаи охир дар ҷумҳурӣ ба натиҷаҳои бузург ноил гардидааст. Дастрасии сокинони вилоят ба ғизои босифат ва таъмини пурраи он дар солҳои охир беҳбуд ёфта, корҳо дар ин самт ба анҷом расиданд. Яке аз дастовардҳои бузурги ин соҳа- сохта, ба истифода додани корхонаи ордбарорӣ дар ноҳияи Шуғнон мебошад.

Ҳамчунин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ноҳияҳои вилоят нуқтаҳои захиравии озуқаворӣ ташкил шудаанд. Имрӯзҳо бозорҳои шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо бо тамоми маҳсулоти хурокворӣ таъмин мебошанд. Имсол дар доираи сафари Пешвои миллат дар ноҳияи Рӯшон гармхонаи замонавӣ дар ҳудуди қариб як гектар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят солҳои охир зиёд гардида, соли 2020 ба 573 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд мебошад. Соли 2020 нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладонагиҳо 1,7 баробар, аз ҷумла гандум 2,6 баробар, картошка 3,2 баробар, сабзавот 3,8 баробар ва мева 17 баробар афзудааст. Бояд иброз намоем, ки имконоти вилоят дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ба таври кофӣ истифода нашудаанд ва заминҳои бекорхобида ҳанӯз бисёр мебошанд.

Дар солҳои охир, аз ҷумла имсол дар вилоят якчанд корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд, ки ба таъмини ҳадафи чоруми миллӣ –саноаткунонии босуръати мамлакат мусоидат менамоянд. Дар шаҳри Хоруғ корхонаҳои истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ, пойафзол, мебел ва корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлӣ ба истифода дода мешаванд. Корхонаи истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ яке аз корхонаҳои бузурги саноатӣ мебошад, ки дар он коркарди сангҳои маҳал ба роҳ монда мешавад. Дастрас намудани ин навъи маҳсулоти сохтмонӣ ба бозор ба сокинон имконият медиҳад, ки манзили зист ва кӯчаву хиёбонҳоро сангфарш намоянд. Ҳамчунин солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят коргоҳҳои гуногуни истеҳсолӣ оид ба коркарди маҳсулоти меваву сабзавот, шир, чӯбу тахта ва сангу шағал фаъолият ва ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони вилоят мусоидат менамоянд.

Дар баробари расидан ба ҳадафҳои стратегӣ соҳаҳои дигари ҳаёт дар вилоят рушд намуда, ба сатҳу сифати зиндагии сокинон беҳбуд бахшидаанд. Марҳилаи нави рушди Бадахшон оғоз гардида, то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истифода дода мешаванд.

Дар маҷмуъ, дар Бадахшон расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, муҳайё сохтани шароити арзандаи ҳаёт барои шаҳрвандони мамлакат ва иҷрои яке аз уҳдадариҳои конститутсионии давлат, яъне иҷтимоӣ будани он пуррагӣ таъмин мегардад.

Амид КОМИЛБЕК,
Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ
 

 АКС аз манбаъҳои боз

Август 15, 2023 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ мегардад
ҶАШНИ САДА — МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОН. Он оғози омодагӣ ба Наврӯз буда, табиату инсонро аз зимистон ба баҳорон мерасонад
ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ — ҲАДАФУ МАРОМИ ЗИНДАГӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА. Андешаҳо дар ин маврид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз 1 сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 10 фоиз зиёд мегардад
ИСТИФОДАИ КОРД АЗ ҶОНИБИ НОБОЛИҒОН. Андешаҳо оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон
ПАЁМ — РОҲНАМОИ МО. Президенти Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд
26 ЯНВАР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭНЕРГИЯИ ТОЗА. Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз давлатҳои пешсаф дар самти истеҳсоли энергияи тоза аст
ҒИЗОИ СОЛИМ. Шир ва маҳсулоти ширӣ муҳимтарин манбаи энергия ба шумор мераванд
РУШДИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Портали khizmat.ehukumat.tj ба шаҳрвандон 60 номгӯй хизматрасонӣ пешниҳод менамояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ гуна дар шароити хона метавон оиларо бо пиёзи тару тоза таъмин намуд
ПОС ДОШТАНИ УРФУ ОДАТҲОИ МАРДУМӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ