БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Роштқалъа бунёду навсозии 205 иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ дар назар аст

Август 20, 2023 13:47

ДУШАНБЕ, 20.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёду навсозии 205 иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи умумии қариб як миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 50 иншоот ба истифода супорида шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа хабар доданд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия 175 иншооти таъйиноти гуногун бунёд гардида буд.

Тазаккур дода шуд, ки ба истифода додани иншооти мазкур сабаби  боз ҳам ободу зебо гардидани ноҳия, ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум мегардад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 август зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа иброз доштанд,  ба шарофати истиқлоли давлатӣ тамоми гӯшаю канори мамлакат рӯз то рӯз  ободу пешрафта гардидааст.

«Дарвоқеъ, ҳоло тамоми Ватани маҳбубамон ба саҳнаи бузурги созандагӣ табдил ёфта, мардуми бонангу номуси мамлакат, соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша ба хотири ободу зебо гардонидани зодгоҳи худ ва дар маҷмуъ, Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистон саъю талош намуда истодаанд, ки ноҳияи Роштқалъа низ аз ин раванд истисно нест», -изҳор доштанд Сарвари давлат.

 

АКС аз манбаъҳои боз

 

Август 20, 2023 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд